Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2014

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо

оид ба таҷлили ҷашни 69-умин солгарди

Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании

солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд,  ҳамчунин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашни 69-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8 ва 9 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»  ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Қарор мекунам:

1.    Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили ҷашни 69-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи №1 мавриди иҷроиш қарор дода шавад.

2.    Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои пардохти кумакпулии якдафъаина аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 714050 (ҳафтсаду чордаҳ ҳазору панҷоҳ) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд ба ҳар кадоме ба андозаи 900 (нуҳсад) сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 650 (шашсаду панҷоҳ) сомонӣ мутобиқи замимаи №2 ҷудо намуда, бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ба буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронад.

3.    Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе бевосита ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон маблағҳои ҷудогардидаро аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе на дертар аз 5 майи соли ҷорӣ дастраси онҳо гардонанд ва вазифадор карда шаванд, ки тибқи муқаррарот ба дигар шахсони дар банди 2 (дуюм)-и ҳамин қарор зикргардида маблағҳои пулиро дар чорабиниҳои тантанавӣ на дертар аз 7 майи соли 2014 дастрас гардонанд.

4.    Баҳри ободонии қабру пайкара ва лавҳаҳои ёдгории қурбониёну иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин таъмини тозагии  Боғи мемориалии «Ғалаба», майдони «Ғалаба», хиёбону кӯча ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе рӯзи 3 майи соли ҷорӣ ҳашари умумишаҳрӣ эълон карда шавад.

5.    Аз роҳбарони идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе ҷойгирбуда хоҳиш карда шавад, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида, кумаки моддӣ расонанд.

6.    Аз раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони  муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як сокини шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки тибқи Маромномаи сокини пойтахт ба таври ҳамешагӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат таваҷҷуҳи хоса, ғамхорӣ ва муносибати некро зоҳир намоянд.

7.     Муқаррар карда шавад, ки ҳама гуна ташаббусҳои шаҳрвандон, шахсони мансабдор барои кумак ва дастгирии ҳамаҷонибаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, алалхусус ба ниёзмандон, чун иқдоми наҷиб, ҳамеша мавриди истиқбол ва тарғиботу ташвиқот қарор дода мешавад.

8.     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути васоити ахбори омма  инъикоси васеи Қарор, омодагӣ ва таҷлили 69-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро дар шаҳри Душанбе таъмин намояд.

9.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М.Убайдуллоев