Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 January 2015

Чун махзанҳои антиқавӣ башорат медиҳанд: «ҳарчанд Афлотун дӯсти ман аст, аммо ҳақиқат болотар мавқеъ дорад» ин навбат низ танҳо муқаррароти Фармони марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таъҷилии воситаҳои ахбори омма» моро водор сохт, ки оид ба андешаҳои 9 январи соли 2015 дар нишасти хабарӣ иброздоштаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон, ки он дар сомонаҳои «Озодӣ», «Озодагон», «Тоҷнюс» ва «Азия-Плюс» интишор шудааст, баҳри пешгирӣ аз махлутсозии фазои иттилоотии кишвар изҳори назар карда бошем.

Вақт, ҷомеа ва идроки ҳақбини он собит кардааст, ки шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият бо таҳлилҳои амиқу бозгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд. Аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад. 

Зиндагии қонунсолорӣ мароми ягонаи конститутсионии ҷомеаи навини мост ва дар он ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус шахсони мансабдор дар фаъолияти худ бояд волоияти қонунро дарк ва риоя намоянд. Шаҳрдорӣ дилхоҳ баҳсро, ки аз доираи тафоҳум берун аст, дар қазовати мақомоти судӣ мегузорад. Оне, ки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзудааст:“беғаразии моро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард”,  хандаовар аст.

Аҳли ҷомеа огаҳанд, ки тибқи Ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (парвандаи граждании №2 – 287/12, аз 23 июли соли 2012) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи якуми  Телевизиони  Тоҷикистон уҳдадор карда шуданд, ки «ҷиҳати аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳо вобаста ба барқарор кардани шаъну шараф ва эътибори корӣ расман тавассути барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон оиди гузориши нодурусти мухбир Абдулваҳҳоби Абдусаттор дар муҳлати на дертар аз як моҳи баъди ба қувваи қонунӣ даромадани Ҳалномаи Суд раддия изҳор намуда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад».

Баъд аз қабули ҳалномаи зикргардида Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаҳои болоии судӣ нисбати бекор кардани он муроҷиат намуд, аммо дар ҳама зинаҳои судӣ ҳалномаи қабулнамудаи Суди ноҳияи Шоҳмансур қонунӣ эътироф ва бетағйир мононда шуд.

Новобаста аз муроҷиатҳои чандинкаратаи судиҷроичиён иҷрои санади судии аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи Суди ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз таъмин нагардидааст.

Амали зикргардида, яъне таъмин накардани иҷрои санади судӣ на «беғаразӣ»-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати шаҳрдории Душанбе собит месозад, балки беэҳтиромии роҳбарияти Кумитаи мазкурро нисбати суд ва мақомоти судӣ шаҳодат медиҳад.  Зеро моддаи 6  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки зоҳир намудани  беэҳтиромӣ  нисбати  суд  аз тарафи иштирокчиёни парванда ё шаҳрвандоне,  ки дар ҷаласаи судӣ ширкат меварзанд, инчунин содир  намудани  ҳар  гуна аъмол аз тарафи ҳар касе,  ки аз беҳурматии рӯирост нисбати суд шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад. Аз ин лиҳоз, таъмини иҷрои ҳалномаи судӣ иртиботе ба шаҳрдорӣ надорад, барои ҳифзи эътибор ва мустақилият мақомоти судӣ бояд худ акнун чораандешӣ кунад.

Вале, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе инро ба виҷдону имони раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор месозад.