Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 January 2015

26 январи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси шаҳр - Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама, бо инобати иҷрои вазифаҳои шаҳрдорӣ, сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2014 ироанамудани Сарвари давлат бармеоянд барномаҳои амали шаҳрдориро илова ба самтҳои фаъолият дар соли 2015, ки 25 декабри соли 2014 аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд, барои соли ҷорӣ мушаххас карда, муқаррар сохт, ки дар муҳлати як ҳафта нақшаи фаъолияти тамоми субъектҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар иртибот ба татбиқ намудани онҳо тарҳрезӣ ва барои тасдиқ ба Раиси шаҳр пешниҳод карда шавад.

Дар идома бар он, Раиси шаҳр ҳолати зимистонгузаронӣ ва аз рӯи имкониятҳои сохторҳои зертавозуни ШСХК «Барқи Тоҷик» дар мавсим бо гармӣ таъмин намудани иншооти нақшавиро мавриди баррасӣ қарор дода, масъулини шаҳрдориро вазифадор сохт, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони субъектҳои истеҳсолкунанда ва назорати давлатӣ воқеияти истеҳсол ва таъминоти иншоотҳо бо гармиро дақиқ намоянд.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо дарназардошти дар шаҳр «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» эълон гардидани соли 2015 дастур фармуд, ки дар амалбарории ин муқаррарот тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, дар партави он ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ потенсиали шахсони воқеию ҳуқуқӣ бештар сафарбар карда шавад.

Ҳамзамон, баҳри дастгирии соҳибкорӣ ва мақсаднок истифодабарии моликияти коммуналии ба иҷорасупоридашаванда муқаррар сохт, ки муҳлати шартномаҳои иҷора дар асоси тафоҳуми тарафҳо бо назардошти  сатҳи солонаи таваррум, шурӯъ аз соли ҷорӣ аз 5 то 10 сол пешбинӣ карда шавад.

Инчунин, дар ҷаласа масоили беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ дар шаҳр, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, таълимию тандурустӣ, ҳолати таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ,  барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳдории каналу селпартоҳо,  иҷрои барномаҳои сохтмонӣ дар соли ҷорӣ, интизоми меҳнат дар ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ва тақвияти чораҳо оид ба баррасии муроҷиати шаҳрвандон мавриди таваҷҷӯҳ  ва масъалагузориҳои шаҳрдор қарор гирифтанд.