Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 February 2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» аз 9 феврал то 9 марти соли 2015 озмун эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» ҳуҷҷатҳои зеринро:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабоне, ки дар соҳаи сохтмон, тарҳкашӣ ва лоиҳакашӣ таҷрибаи корӣ дошта, дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, афзалият дода мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  9 марти  соли 2015.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.