Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 February 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №50 аз 03 феврали соли 2015

 

Дар бораи таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои магистралии аҳамияти умумишаҳридоштаи Соҳилӣ (аз хиёбони С.Шерозӣ то хиёбони А.Ҷомӣ), Н.Муҳаммад (аз кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Дӯстии халқҳо) ва М.Назаршоев (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи А.Дониш)

 

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Соҳилӣ, Н.Муҳаммад ва М.Назаршоев, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   Дар кӯчаҳои магистралии аҳамияти умумишаҳридоштаи Соҳилӣ (аз хиёбони С.Шерозӣ то хиёбони А.Ҷомӣ), Н.Муҳаммад (аз кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Дӯстии халқҳо) ва М.Назаршоев (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи А.Дониш) ҳаракати воситаҳои нақлиёт то хобонидани қабати болоии асфалти майдадона баҳри пешгири аз тамбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат муваққатан иҷозат дода шавад.

2.            Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Саидов Ф.Ҳ.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Насимов А.Ғ.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Камолов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро дар кӯчаҳои Соҳилӣ (аз хиёбони С.Шерозӣ то хиёбони А.Ҷомӣ), Н.Муҳаммад (аз кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Дӯстии халқҳо) ва М.Назаршоев (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи А.Дониш)  тибқи нақшаҳои муайяншуда таъмин намоянд.

3.            Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мирзоев С.Б.) бо мусоид гардидани боду ҳаво корҳои хобонидани қабати болоии омехтаи асфалти майдадонаи кӯчаҳои Соҳилӣ (аз хиёбони С.Шерозӣ то хиёбони А.Ҷомӣ), Н.Муҳаммад (аз кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Дӯстии халқҳо) ва М.Назаршоев (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи А.Дониш) - ро амалӣ намояд.

4.   Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (С. Ҷурахонзода ) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Соҳилӣ, Н.Муҳаммад ва М.Назаршоев, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷӯӣ намояд.

5.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ