«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 February 2015

 

ҚАРОРИ  РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ №75 аз 12 феврали  соли 2015

 

Дар бораи  баргузории ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо дар шаҳри Душанбе

 

 

           Бо мақсади баргузории ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо дар шаҳри Душанбе муроҷиати Вазорати кишоварзии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон №1/8-61 аз 13 январи соли 2015-ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

   

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

      1.Ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо  21-22 феврали соли 2015, аз соати 08:00 то соати 17:00 дар ҳудуди таваққуфгоҳи назди Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ҷонибдорӣ карда шавад.

      2. Раиси ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ. дар ҳамкорӣ бо  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Раҳимов Т.К.) саҳна ва шиору лавҳаҳоро ҷиҳати расми маросими ифтитоҳи чорабинӣ дар таваққуфгоҳи назди Муассисаи давлатии “Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»”  омода намояд.

      3.Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Амонов С.Н.), Муассисаи давлатии “Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»” (Қосимов У.Т.) ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Назаров И.Ҳ.) дар доираи салоҳияташон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини риояи қоидаву меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисӯхторӣ дар сана ва маҳали баргузории чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

      5.Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонзода С.Қ.) амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

      6.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) ва Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” (Мусоева Ш.Р.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма барои дастрасии сокинон ба роҳ монанд.

     7.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

       

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ