Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 March 2015

Ба директори Шабакаи якуми

                Телевизиони Тоҷикистон

                                Гадоев С. А. 

№ 3/8/30 аз 25 феврали с.2015

          Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо баррасии гузориши телевизионии барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, соати 2030 дақиқа оид ба ҳолати таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳо дар шаҳр, бахусус роҳҳои дохилимаҳаллагузар дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №622 аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва танҳо ба хотири бархӯрдории ҷомеа иттилоъ медиҳад, ки мушкилоти пайгиринамудаи муаллиф, тавре дар гузориш чун «кашфиёт» маънидод гардид, барои шаҳрдорӣ навгоние нест, зеро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум, ҳанӯз аз 15 марти соли 2010 тибқи Қарори худ №1-9 «Дар бораи Муроҷиатномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ба сокинони пойтахт» солҳои 2010-2015-ро панҷсолаи рушди инфрасохторӣ дар шаҳр эълон намуда буд.

         Баҳри  татбиқи барномаҳои бунёдии инфрасохторӣ тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 75-8 аз 22 декабри соли 2011 солҳои 2012 - 2015 «Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо» эълон гардид ва ҳамасола 30 фоизи ҳиссаи иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳои буҷети шаҳрӣ ва 100 фоизи ҳиссаи иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳои буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои азнавсозию таъмири ҷории маҳз роҳҳо ва пиёдагардҳои маҳаллаву шаҳракҳо сафарбар мешаванд.

Аз ҷониби Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр дар солҳои 2010 – 2011 дар масоҳати 167351 м2 ба маблағи 9,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла таъмири ҷории кӯчаю роҳҳои шаҳриву ноҳиявӣ 152338 м2, шаҳраку маҳаллаҳо 15013 м2 ва дар солҳои 2012 - 2014 оид ба амалишавии ин иқдом аз ҳисоби буҷети ноҳияҳо барои корҳои таъмири ҷорӣ 65,8 миллион сомонӣ дар масофаи 348 км бо масоҳати 435976м2, аз ҷумла кӯчаю роҳҳои шаҳрию  ноҳиявӣ 279557м2, шаҳраку маҳаллаҳо 156419м2 иҷро гардид. 

Дар давраи зикршуда аз маблағи умумии 65,8 млн.сомонӣ,  аз ҳисоби 20,6 млн. сомонии маблағҳои иҷроиши барзиёди нақшаи буҷети ноҳияҳо 176795м2 корҳои таъмири ҷории кӯчаю роҳҳои шаҳрию ноҳиявӣ ба масоҳати 113149м2 ва шаҳраку маҳаллаҳо 63646м2 амалӣ карда шудааст. 

         Дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳисоби иҷроиши барзиёди буҷети шаҳри Душанбе дар маҷмуъ ба маблағи 9,55 млн. сомонӣ, аз ҷумла  4,75 корҳои таъмири асосии кӯчаи Ш.Руставелӣ ва М.Миршакар дар масофаи 1,2 км бо масоҳати 13578м2 дар соли 2012 ва 4,8 корҳои таъмир ва барқароркунии кӯчаҳои протоколӣ (А.Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ) ба масофаи 1,7 км бо масоҳати 27398м2 дар соли 2014-ум ба анҷом расонида шудааст.  

Ҳамзамон, тибқи Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №197 аз 18 апрели соли 2012 "Оид ба эҳсонкории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ дар таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе" ва №235 аз 27 майи  соли 2014 "Оид ба эҳсонкорӣ дар таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе" аз ҷониби 12 субъектҳои соҳибкорӣ ва 9 ташкилотҳои роҳсозӣ тариқи эҳсонкорӣ дар масоҳати 126656 м2 ба маблағи 20,5 млн. сомонӣ таъмири асосиву ҷории кӯчаю роҳҳои шаҳр иҷро карда шуданд, ки роҳандозии ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва иштироки ҷамоатчигии шаҳрро дар амалисозии барномаҳои инфрасохторӣ собит менамояд.

Баҳри ба тамошобинон дастрас намудани иттилооти саҳеҳ барои гузоришгарон зарур медонем, ки зимни таҳияи дилхоҳ матлаб ақаллан тобеияти мавзӯъ, мақоми салоҳиятдор, истифодабарандаву тавозундорро дақиқ карда, назари онҳоро пурсанд, зеро матлаб барои ҷомеа нигаронида шудааст ва шукронаи Офаридгор маърифати баланди ҷомеа хулосаи дар асоси андешаҳои  «холаҳои Ҳанифа» асосёфтаро имрӯз қабул надорад.

Сараввал нисбати истифодаи мафҳумҳои хиёбон, кӯчаву роҳҳо ба маълумоти гузоришгарон расониданием, ки тибқи қоида хиёбон ин кӯчаи дарозу рост ва дорои тасмаҳои кабудизор буда, нишонаи асосии он ин паҳноии васеъ, дарозӣ, мавзеи ҷойгиршавӣ мебошад. Тибқи низом кӯчаҳои марказии шаҳр, ё ин ки кӯчаҳое, ки қитаъҳои асосии шаҳрро ба ноҳияву шаҳракҳо пайваст менамоянд, хиёбон номгузорӣ карда мешаванд.

Кӯча бошад ин фосила байни ду қатор хонаҳо дар маҳалҳои аҳолинишин барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ ва пиёдагардон ё танҳо барои пиёдагардон буда, дорои қисми мошингард, тасмаи кабудизор ва қисми пиёдагард аст.

Роҳ - ин алоқаи воситаҳои нақлиётӣ ва байни аҳолӣ, ки қисми асосии инфраструктураи нақлиётӣ мебошад ба шумор меравад, на он ки гузоришгар гузаргоҳҳои кӯчаро хиёбон ном мебарад.

          Танҳо ба хотири бархурдории ҷомеа чанд нуктаро, ки он ҳам зарурат ба гуфтанаш нест, барои истифодаи минбаъда таъкид медорем.

Дар шаҳр ба ҳолати 1 январи соли 2015 масофаи умумии хиёбон, кӯча, роҳҳо ва пиёдароҳҳо 1069,12 км бо масоҳати 20,78 млн.м2-ро ташкил медиҳад, ки аз ин хиёбон, кӯча ва роҳҳо 726,9 км бо масоҳати умумӣ 18,15 млн.м2 ва пиёдароҳҳо 342,22 км бо масоҳати умумӣ 2,63 млн.м2 -ро дар бар мегирад.

Тамоми роҳҳо дар мувозинаи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр қарор дошта, тақсимоти он дар таносуби ноҳияҳо, аз ҷумла: ноҳияи И.Сомонӣ масофаи хиёбон, кӯча ва роҳҳо 195,8 км бо масоҳати 4,9 млн.м2 ва пиёдароҳҳо 88,9 км бо масоҳати 0,70 млн.м2, нохияи Сино масофаи хиёбон, кӯча ва роҳҳо 200,9 км бо масоҳати 6,65 млн.м2 ва пиёдароҳҳо 129,6 км бо масоҳати 0,98 млн.м2, ноҳияи Шоҳмансур масофаи хиёбон, кӯча ва роҳҳо 190,6 км бо масоҳати 3,76 млн.м2 ва пиёдароҳҳо 67,0 км бо масоҳати 0,52 млн.м2 ва ноҳияи Фирдавсӣ масофаи хиёбон, кӯча ва роҳҳо 139,6 км бо масоҳати 2,84 млн.м2 ва пиёдароҳҳо 56,7 км бо масоҳати 0,43 млн.м2 мебошад.

Шумораи хиёбон, кӯча ва роҳҳо дар пойтахт  562 ададро ташкил медиҳад, ки аз он: роҳҳои магистралии аҳамияти шаҳрӣ 76 адад, роҳҳои магистралии аҳамияти ноҳиявӣ 78 адад, роҳҳои маҳаллӣ 170 адад, гузаргоҳҳо 205 адад ва роҳҳои шаҳраку маҳаллаҳо 33 адад мебошад.

Агар дар давоми солҳои 1992-2009 дар шаҳр  45,1 км хиёбон, кӯчаю роҳҳо ва 36,3 км пиёдароҳҳо азнавсозӣ ва таъмири асосӣ карда шуда бошад, ин нишондод мутаносибан дар солҳои 2010-2014 дар пойтахт 97,6 км ва 53,7 км-ро ташкил медиҳад.

Аз соли 1992 то соли 2014 дар шаҳри Душанбе 142,71 км хиёбон, кӯчаю роҳҳо ва 89,9 км пиёдароҳҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосӣ карда шуда, ба истифода супорида шудааст,  боқимонда 584,19 км кӯчаю роҳҳо ва 252,32 км пиёдароҳҳо барои азнавсозӣ ва таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд.

Ҳаҷми корҳои иҷрогардида дар солҳои 1992 – 2009 ва 2010-2014 мутаносибан  маблағи 30,5 ва  683,5 млн. сомониро ташкил додааст, ё худ дар 5 соли охир нисбат ба солҳои  1992-2009 беш   аз 22 маротиба афзудааст ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин раванд ҳамеша дар маркази фаъолияти шаҳрдорӣ қарор дорад.

Баҳри мақсаднок роҳандозӣ намудани ин самти муҳимми хоҷагидории шаҳр тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №496 аз 2 декабри соли 2011 Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд, ки танҳо дар тӯли солҳои 2012 – 2014 дар 49 иншооти роҳсозӣ дар дарозии 63,99 км бо масоҳати 989003 м2 ба маблағи 490,9 млн.сомонӣ корҳоро дар иншоотҳои роҳсозӣ ба роҳ монда, дар ин давра 41 иншооти роҳсозиро дар дарозии 51,17 км бо масоҳати 741157 м2 бо фондҳои асосӣ ба маблағи 383,0 млн. сомонӣ ба истифода супорид.

 Қобили зикр мебошад, ки шаҳри Душанбе ба минтақаи роҳҳои иқлимии V шомил буда, тибқи меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ (СНиП, ВСН 41-88) муҳлати таъмири асосии роҳу пиёдароҳ дар 12 сол як маротиба мебошад  (726,9км = 18150,0 ҳазор.м2 : 12сол = 1512,5 ҳазор м2 роҳ), (342,22км = 2630,0 ҳазор.м2 : 12сол = 219,16 ҳазор м2 пиёдароҳ).

Бо назардошти он, ки 1 км роҳи автомобилгард ба ҳисоби миёна ба 24970 м2 ва 1 км пиёдароҳ 7685 м2 баробар мебошад, дар як сол бояд 60,57 км роҳ ва 28,5 км пиёдароҳ азнавсозӣ ва таъмири асосӣ карда шаванд (1512,5 хазор : 24970.м2 = 60,57км роҳ), (219,16 хазор : 7685.м2 = 28,5км пиёдароҳ).

Ҳисоби миёнаи хароҷотҳо барои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии роҳҳо дар як сол (60,57км) 554,2 млн.сомонӣ (1512,5 ҳазор.м2 х 366,4 сомонӣ = 554,2 млн.сомонӣ) ва пиёдароҳ (28,5км) 58,4 млн.сомониро (219,16 ҳазор.м2 х 266,5 сомонӣ = 58,4 млн. сомонӣ) ташкил медиҳад, ки 366,4 сомонӣ арзиши миёнаи сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосӣ 1м2 роҳ ва 266,5 сомонӣ пиёдароҳ дар соли 2014 мебошад ва ҳамасола 612,6 млн.сомониро аз буҷети шаҳр тақозо менамояд, ки ин ҳамасола беш аз 70 фоизи маблағҳои буҷети шаҳри Душанберо ташкил медиҳад ва мутаассифона чунин имконият вуҷуд надорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли сипаригардида танҳо музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии солонаи кормандон ва нигоҳдошти муассисаҳои соҳаи буҷетӣ 51 фоиз ва маблағгузории асосӣ 49 фоизро  ташкил дод.

Аз ин лиҳоз, амалисозии хостаҳо дар самти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии тамоми  кӯчаю роҳҳои шаҳр берун аз имкониятҳои молиявии буҷети шаҳр мебошад. 

Барои таъмиру азнавсозии кӯча, роҳҳо ва пиёдароҳҳои  боқимонда, ки аз соли 1995 то ин ҷониб азнавсозӣ ва таъмири асосӣ карда нашудаанд, 584,19 км роҳро (726,9 - 142,71 = 584,19км) ва 252,32 км пиёдароҳро (342,22 - 89,9 = 252,32км) ташкил дода, барои ин мақсад 5,8 млрд. сомонӣ (роҳ 584,19 км х 24970 м2 х 366,4 сомонӣ = 5,3 млрд. сомонӣ ва пиёдароҳ 252,32 км х 7685 м2 х 266,5 сомонӣ = 516,7 млн. сомонӣ, ҷамъ 5,3 млрд.сомонӣ + 0,5 млрд.сомонӣ = 5,8 млрд. сомонӣ) лозим меояд.

Бинобар ин, амалӣ кардани хоҳиши Шумо ҳангоми риоя намудани қоидаҳои сохтмонӣ (СНиП, ВСН 41-88) доир ба пурра аз таъмири асосӣ баровардани кӯчаю роҳҳои боқимонда, дар маҷмӯъ тақрибан 10 сол (584,19 км: 60,57 км  = 9,6 сол) ва маблағи беш аз 5,8 млрд. сомониро тақозо менамояд ва гарчанде шаҳрдорӣ бештар аз шумо ва дигарон ҷонибдори аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта, бахусус дар самти таъмирталаб будани роҳҳои дохилимаҳаллагузар бошад ҳам чунин имконияти молиявиро надорад, аммо тамоми зарфиятҳои мавҷударо пайваста баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда сафарбар менамояд.

Бояд зикр намуд, ки тамоми кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе то давраи соҳибистиқлолӣ аз рӯи вазн дар меҳвар 6-10 тн. (нагрузка на ось) ҳисоб ва сохта шудааст, ки ин нишондод аз стандартҳои байналмиллалӣ кам буда, барои ба талаботҳои имрӯза ҷавобгӯ намудани он лоиҳаҳои омодашаванда ба 11 тн. вазн дар меҳвар вобаста аз моҳияти хиёбон, кӯчаю роҳҳо ҳисоб карда мешавад, ки ин муқаррарот азнавсозӣ ва хобонидани қабатҳои иловагии ҷодаи роҳро талаб менамояд, ки барои амалӣ намудан ба ҳар 1 км роҳ 138 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ зарур мебошад.

Бо дарназардошти имкониятҳои ҷойдошта дар соли 2015 тибқи нақша 22 иншоот ба маблағи 200,3 млн. сомонӣ бо дарозии 27,01км ба масоҳати 541088м2 бунёд мегардад, ки он 14 иншооти роҳсозӣ бо азнавсозӣ ва иваз намудани шабакаҳои муҳандисӣ, сохтмони 1 гузаргоҳи зеризаминӣ, 1 кӯпрук дар 2 сатҳ бо гиреҳҳояш ва сохтмону барқароркунии 6 каналу обпартоҳоро дар бар мегирад.

Шаҳрдорӣ ҷонибдории худро  аз танқидҳои таҳлилию воқеӣ ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма иброз намуда, ҳамзамон бори дигар зикр менамояд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ хулосбарорию андешаҳои сатҳӣ ва  асоси воқеӣ надоштаро чун ҳамешагӣ қабул надорад.

 

Бо эҳтиром,                                                       Н. Ҳакимов