Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 March 2015

1 / 58  аз «  26  »  феврали соли  2015                                 

 

Ба директори Шабакаи якуми

Телевизиони Тоҷикистон

Гадоев С. А.

 

Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе бо баррасии гузориши телевизионии барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, ки 19 феврали соли 2015 дар иртибот  ба он, ки  Маркази барқу гармидиҳии №2 (МБГ №2) ба фаъолият шуруъ намуда бошад ҳам то ҳол ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гармитаъминкунии мутамарказ дастрасӣ надорад, бо инобати такроран ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ зоҳир намудани барномаи “Ахбор” (ҳол он ки нисбати масъалаи мазкур, ба хотири роҳ надодан ба таҳрифи воқеият мактуби якҷояи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2-251-6 ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти № 12/8/8 аз 23 октябри соли 2013 унвонии Шабакаи якум ирсол гардида буд), иброз менамояд, ки бо дарназардошти моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, ки барои риоя нагардидани талаботҳои қонуни мазкур  аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ҷавобгариро пешбинӣ менамояд, нисбати масъалаи мавриди таваҷҷуҳ гузориши саҳеҳ бо иштироки сохторҳои шаҳрии гармиинтиқолдиҳанда ва сохторҳои ҷумҳуриявии гармиистеҳсолкунанда дар барномаҳои минбаъдаатон пахш намоед.

Дар ҳолати акс ҳуқуқи худ медонем, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ҷиҳати то ба суд муроҷиат намудан чораандешӣ намоем.

Зеро бо инобати дидаву дониста боз такрор гардидани гузоришҳои носаҳеҳ нисбати умуман системаи мавҷудаи гармитаъминкунии шаҳр ва аз ҷумла ноҳияи Фирдавсии пойтахт, иловатан барои раҳнамоии гузоришгарон такрор карданием, ки  истеҳсоли гармӣ вазифаи истисноии зерсохторҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” буда, иҷрои ин амал ба шаҳрдорӣ мансубият надорад ва Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе танҳо вазифадор аст гармии истеҳсолшударо ба муштариёнаш дастрас намояд.

Ҳамчун сохтори интиқолдиҳандаи нерӯи гармии аз ҷониби зерсохторҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” истеҳсолшаванда, зарур мешуморем ба иттилоъ расонем, ки талаботи воқеии шаҳри Душанбе ба энергияи гармӣ ба ҳолати имрӯза зиёда аз 1280 Гкал/соат ва иншоотҳои ба хатти мутамарказ пайвастбудаи шаҳр ба 657,2 Гкал/соат баробар буда, солҳост, ки иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли гармӣ бо пуррагӣ мавриди истифода қарор надоранд ва дар сурати ба истифода додани навбати дуюми МБГ №2 бо иқтидори лоиҳавии 167 Гкал/соат низ эҳтиёҷоти шаҳр ба гармӣ таъмин нахоҳад шуд.  Яъне муҳтарам гузоришгарон, набояд дар бораи гармии истеҳсолнагардида ё набуда баҳс ронд.

Мавсими гармитаъминкунии ҷараёндошта низ фаъолияти тамоми манбаъҳои гармиистеҳсолкунии ШСХК “Барқи Тоҷик”, аз ҷумла Маркази барқу гармидиҳии №1 (нақша-55,0 Гкал/соат, асл-53,0 Гкал/соат), Маркази барқу гармидиҳии №2 (нақша-67,95 Гкал/соат, асл-54,1 Гкал/соат), дегхонаи Шарқӣ” (нақша-13,7 Гкал/соат, асл-10,0 Гкал/соат) ва дегхонаи “Ғарбӣ” (нақша-53,8 Гкал/соат, асл-0) дар умум бо иқтидори 190,45 Гкал/соат ба нақша гирифта шуда, мутаассифона Муассисаи мо ҳамагӣ ба иқтидори 117,1 Гкал/соат нерӯи гармӣ қабул ва ба муштариён интиқол намуда истодааст, ки ин танҳо ба 17,8 % талаботи шаҳр рост меояд.

Новобаста аз ин, миқдори нерӯи гармии зикргардида, аз ҷониби Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ба 481 иншоот, аз ҷумла 369 адад биноҳои истиқоматии бисёрхонагӣ, 41 адад муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва 71 адад дигар идораву ташкилотҳо интиқол дода мешавад. Илова бар ин, тавассути дегхонаҳои автономӣ, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ сохта ё барқарор гардидаанд, ба 22 иншоотҳои иҷтимоӣ нерӯи гармӣ интиқол менамояд.

Вобаста ба гармитаъминкунии ноҳияи Фирдавсӣ қайд намудан зарур аст, ки интиқоли нерӯи гармӣ тавассути шоҳқубурҳои Маркази барқу гармидиҳии ШСХК “Барқи Тоҷик” ба самти ноҳияи мазкур, бинобар сабабҳои дар боло зикргардида, аз соли 1997 то соли 2007 қисман (5 шаҳрак) ва аз соли 2008 инҷониб пурра қатъ гардидааст ва мавсими гармидиҳии ҷараёндошта низ аз ҷониби сохтори мазкур мутаасифона ба нақша гирифта нашудааст. Ва ин масъаларо намояндагони барномаи “Ахбор” бояд аз зерсохторҳои гармиистеҳсолкунандаи ШСХК “Барқи Тоҷик” дақиқ менамуданд, на тавре роҳ пеш мегирифтанд ба Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе.

Роҷеъ ба ҳолати коммуникатсияҳои дохили биноҳои бисёрхонагӣ гуфтанием, ки нигоҳдориву таъмири онҳо тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» бевосита ба уҳдаи худи соҳибмулкон вогузор карда шудааст.

Бинобар ин ва ба мақсади воқеан ҷалб намудани сокинони шаҳр ҷиҳати истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи гармиву қувваи барқ, омода ҳастем баҳри таҳия намудани гузориш ё барномаи саҳеҳ нисбати масъалаи мазкур, ҳангоми мавҷуд будани этикаи журналистӣ ҷиҳати то охир пайгирӣ намудани масъала, ҳамкорӣ намоем.

Замима: маълумотномаи ҶСНК «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии ш.Душанбе» ва мактуби якҷрояи Вазорати энергетика ва шаҳрдорӣ (№2-251-6 ва № 12/8/8 аз 23 октябри соли 2013).

 

Бо эҳтиром,                                                      

                                                                                                                А. Табаров