Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 March 2015

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ № 102 аз  12.02.2015 

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе 

 

Бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1.          Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе, тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шавад.

2.          Сохторҳои марбутаи шаҳрӣ татбиқи ҳамаҷонибаи Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намуда, оид ба рафти иҷрои он  ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳар нимсола маълумот пешниҳод намоянд. 

3.          Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маълумотҳоро ҷамъбаст ва таҳлил намуда, ҳар нимсола ба Раиси шаҳри Душанбе ҳисоботи мушаххас пешниҳод намояд.

4.            Назорати  иҷрои  Қарори  мазкур  ба  зиммаи муовини якуми Раиси  шаҳри  Душанбе Хайруллоев Н. ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А., Мансуров Ҷ.М. ва Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта  шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ