Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 March 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе№66-1  аз 10.02.2015

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти

давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ

ва таҷлили Иди байналмилалии  Наврӯз-2015

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва бо истифода аз суннатҳои ниёгон мутантан таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.Ҷиҳати истиқболу таҷлили бошукуҳи Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе 21 март чорабиниҳои наврӯзӣ дар  ҳудуди маҳаллаву шаҳракҳои шаҳри Душанбе, 23 март Намоиши театришуда дар назди шаршараи Боғи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва 24 марти соли 2015 баргузории чорабиниҳо баҳри тақвияти тадбирҳои сабзкорӣ, ободкориву созандагӣ ва ниҳолшинонӣ дар тамоми маҳаллаву шаҳракҳо, хонаҳои истиқоматӣ, идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳои истеҳсолию соҳибкорӣ гузаронида шаванд.

2.Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии  Наврӯз-2015 тасдиқ карда шавад.

3.Муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А., Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Талбаков А.А.) ҷиҳати дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расму анъанаҳои миллӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз чораҳои мушаххас андешида, дар сатҳи баланди бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳои идонаро таъмин созанд.

4.Аз роҳбарони идора, корхона, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки на дертар аз 20 марти соли 2015 ороиши наврӯзии биноҳо ва ободонии гирду атрофи онҳоро ба анҷом расонанд.

5.Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва мақомотҳои дахлдор:

 - шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони шаҳр дар рӯзҳои ид фароҳам оварда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд;

 - дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории  чорабиниҳои идона фаъолияти мураттаби корхонаҳои нақлиётӣ, алоқа, барқ, об ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимми шаҳрро ба роҳ монанд;

- бо ҷалби соҳибкорон ва сарпарастон оид ба масъалаҳои ободониву  ороишӣ ва таҷлили бошукуҳи ҷашн дар шаҳраку маҳаллаҳо чораҳои мушаххас андешанд;

- ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, зимни аёдат ба онҳо кумакҳои моддию маънавӣ расонда, барои ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намоянд:

- баргузории камхарҷи маъракаҳои наврӯзиро дар ташкилоту муассисаҳо таъмин намуда, гузаронидани тӯйҳои хатна ва домодию арӯсиро ба роҳ монанд;

- ба чорабиниҳои фарҳангии идонаи шаҳраку маҳаллаҳо беҳтарин дастаҳои ҳунарии касбиву худфаъолиятиро ҷалб намоянд.

6.Роҳбарии бадеии Намоиши театрикунонидашуда бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2015 ба зиммаи режиссер-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80» Раҷабов Убайдулло гузошта шуда, ҳамзамон вазифадор  карда шавад, ки дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаю самарабахши ташкилоту сохторҳои илмию фарҳангӣ ва ҷамъиятии марбутаю ширкати беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт таъмин  намояд.

7.Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид ба шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри  Душанбе (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии шаҳрро ба муносибати Иди байналмиллалии Наврӯз таъмин намоянд.

8.Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нигаҳдошти реквизиту лавозимот ва экспозитсияву воситаҳои ороишӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

9.Аз сокинону меҳмонони шаҳр хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя намоянд.

10.Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

11.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А., Ҳакимов Н.Ҳ., Мансуров Ҷ.М., гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ