Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 March 2015

Қарори  раиси  шаҲри Душанбе №143  аз 05.03. соли 2015

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли

мансабҳои холии маъмурии хизмати  давлатӣ  

дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 2 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 659  аз  20 майи соли 2009 тасдиқ шудааст,

          

                                       ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин дар

                          а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

 

·        ёрдамчии Раиси шаҳри Душанбе;

·        мудири шуъбаи умумӣ ва протокол;

·        мудири шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ;

·        мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        сармутахассиси  шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        сармутахассиси шуъбаи кадрҳо;

·        сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;

·        сармутахассиси шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        сармутахассиси  шуъбаи коммуналию муҳандисӣ;

·        сармутахассиси шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон;

·        сармутахассиси шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ;

·        мутахассиси пешбари  шуъбаи ташкилӣ;

·        мутахассиси  шуъбаи сохтмон ва ободонӣ.

 

б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 дар шаҳри Душанбе:

 

·        мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну                     

     маросимҳои миллӣ;

·        мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

·        сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак;

·        сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила;

·        мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оила;

·        мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

·        мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

 

        аз   12       март  то   16   апрели   соли 2015  озмун  эълон ва натиҷаи он на дертар  аз    23    апрели  соли 2015 ҷамъбаст  карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ 

 

 

 

         Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс  собиқаи

  меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

-маълумотнома (резюме) шакли электронӣ;

       

Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  25  апрели  соли 2015.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.