Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №110-1 аз 17.02.2015

 

Дар бораи омодагӣ ба баргузории

Ниммарафони VI  байналмилалии       

Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

       Бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ, дар сатҳи баланди касбӣ ташкил намудани Ниммарафони VI байналмилалии Душанбе, дар асоси  «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш  дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2014-2015», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №514 аз  11  ноябри соли 2014 тасдиқ гардидааст,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”

ҚАРОР    МЕКУНАМ :

1.  Ба муносибати Рӯзи пойтахт 18 апрели соли 2015 Ниммарафони VI байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

2.  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Саймуддинов А.С.) дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута бо инобати дархости пешниҳодгардидаи Федератсияҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини расмиёти даъват ва иштироки варзишгарони варзида, кӯмак барои дарёфти раводиди онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, то 30 марти соли 2015 тартиби баргузорӣ, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо оид ба баргузории мусобиқа, бо инобати муайян гардидани теъдоди иштирокчиён, меҳмонони ифтихорӣ ва давлатҳои иштироккунанда ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод манзур гардонад.  

3.   Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Одинаев Ҷ.Т.) ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи зикргардида ва мутобиқ намудани он ба сатҳи байналмилалӣ ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

4.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба роҳ монад.

 5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р. А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ