Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 113 аз  19.02.2015

 

Дар бораи баргузории барномаи консертӣ ва

иқдоми синхронӣ - байналмилалии «Рақси Ғалаба»

 бахшида ба таҷлили ҷашни 70-умин солгарди

Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании

солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади ташаккули ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, талқини муҳаббат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои таърихӣ, тарбияи ифтихор аз ҳимоятгарони Ватан ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №52  аз 30 январи соли 2014 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе» ва бо инобати муроҷиати Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон таҳти №40-79  аз 22 январи  соли 2014, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Қарор мекунам:

1.  Ба Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон барои баргузории барномаи консертӣ ва иқдоми синхронӣ - байналмилалии «Рақси Ғалаба» бахшида ба таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе 9 майи соли 2015, аз соати 16:00 то 19:00, дар Майдони «800 - солагии Москва» иҷозат дода шавад.

2.  Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои баргузории барномаи консертӣ ва иқдоми синхронӣ - байналмилалии «Рақси Ғалаба» бахшида ба таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

3.  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», шуъбаи фарҳанги Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

4.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Ҷӯрахонзода С.Қ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойи баргузории ин чорабинӣ тадбирҳои лозимӣ андешанд.

5.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М.Убайдуллоев