Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 March 2015

16 марти соли 2015 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа масоили марбут ба тарҳрезии барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба таҳкимбахшии пояҳои вусъати раванди ободкориҳо дар кулли  соҳаҳои хоҷагидории шаҳр матраҳ гардида, дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолони пойтахт даъват ба миён овард, ки дар роҳи расидан ба таҳаввулоти муттасили навгониҳои созанда, ки дар заминаи идроки баланду фарогири зарфиятҳои меҳанпарастӣ, ки он аз тозагии руҳу тан, ободии ҳар як хонаву маҳалли зист ва дар маҷмуъ шукуфоии шаҳр ибтидо мегирад, барномаҳои фаъолияти худро бознигарӣ намоянд. Зеро марҳилаи нави рушди ҷомеа тақозо менамояд, ки зарфиятҳои истифоданашуда беш аз ҳарвақта баҳри пешрафту ободонии  шаҳр мавриди амал қарор гирифта, беэътиноӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва зиёдаравиҳо дар саҳлангорӣ, ки сӯистифода аз мавқеъ ва боварӣ аз ҷониби масъулин ба мушоҳида мерасад, комилан бартараф карда шавад.

Дар  иртибот ба ин муқаррар гашт, ки ояндаи наздик бо роҳандозии таҳлили амиқи фаъолияти тамоми  субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр, шуруъ аз роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ нисбати масъулин оид ба мутобиқат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои кадрӣ андешида мешаванд.

Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои истифодаи мақсадноку таъинотии қитъаҳои замин аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ, пешгирӣ аз ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ, андешидани чораҳои муассири қонунӣ алайҳи шаҳрвандоне, ки дар самти заминистифодабарӣ нисбати муқаррароти қонун беэътиноӣ зоҳир менамоянд, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи прокурори шаҳри Душанбе Хайрулло Саидзодаро бо истифода аз ваколатҳое, ки қонунгузор ба мақомоти прокуратура  муқаррар намудааст нисбати расидагӣ ба масъалаҳои зикршуда ва дар маҷмуъ сафарбарии тамоми зарфият ҷиҳати беш аз ҳарвақта таъмин намудани волоияти қонун равона сохта, аз сардори нави Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе Гулмаҳмадзода Ҷамшед даъват ба миён овард, ки дар ин самт фаъолиятро пурзӯр намояд.

Ҳамзамон дар ҷаласа таваҷчуҳи масъулин оид ба таъмини муқаррароти қонунгузории кишвар бобати манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калони хонагӣ, бартарафсозии сохтмонҳои худсаронаи иҷтимоӣ, беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, ғавновати бозори истеъмолӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, вусъати маъракаи сабзу хуррамгардонии шаҳр, пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ, баланд бардоштани сатҳ ва фарҳанги хизматрасонӣ бо инобати дар муҳлати як моҳ дар тамоми субъектҳои хизматрасонии коммуналии шаҳр ҷорӣ кардани либоси ягона ҷалб гардида, дастурҳои мушаххас ироа карда шуданд.

Бо дахли масоили омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев ба тақвими чорабиниҳои марбутаи шаҳрдорӣ тағйирот ворид карда шуд, ки мутобиқ ба он  23 март дар тамоми шаҳр аз соати 8 то 17 маъракаи сабзкорӣ ва Наврӯзи умумишаҳрӣ 24 март дар боғи «Наврӯзгоҳ» бо шукуҳу шаҳомати хоса доир карда мешавад.