Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 April 2015

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  як идда тағйироти кадрӣ  андешида шуд.

Мутобиқ ба онҳо  аз 1 апрели соли 2015 муовини Раиси шаҳри Душанбе  Мансуров Ҷамшед Мақсудович  аз вазифаи ишғолнамудааш озод ва ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» ва собиқ сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» Холматов  Низомуддин Усмонович  директори Корхонаи воҳиди давлатии «Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъин гардиданд.

Инчунин, Буриев Фозил Сайдалиевич - мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва Қурбонов Нуриддин Буриевич - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии истифодабрии роҳҳои ноҳияи Сино таъин гардиданаш, аз мансабҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.

Ҳамзамон, Мамадорифов Мамадназар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Гурўҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе» озод ва ба ин симат Алиев Абдулхайр Абдулҳаевич таъин карда шуд.