Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 April 2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаҳои сардорони Муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе  аз 2  то 25  апрели  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 28 апрели соли 2015 эълон  менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаҳои сардорони Муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои  зеринро:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи     

  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

        Ба довталабоне, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва ё  донишкадаҳои  хориҷи кишварро бо ихтисоси роҳҳои автомобилгард хатм намуда, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, инчунин бевосита ба ҳайси пудратчӣ ва фармоишгари сохтмони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум фаъолият намудаанд, афзалият дода  мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 28 апрели  соли 2015.

       Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо  телефони  221-62-56  муроҷиат  намоянд.

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №176 аз  1 апрели  соли  2015

  

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли

вазифаҳои сардорони Муассисаҳои давлатии

истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ

ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе

  

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

          

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

        1.Барои ишғоли вазифаҳои сардорони Муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе  аз 2 то 25  апрели  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 28 апрели  соли 2015 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                М.УБАЙДУЛЛОЕВ