Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 April 2015

Шаҳрдории Душанбе бо мақсади иҷрои Амри Раиси шаҳри Душанбе №295 аз 30 декабри соли 2014 оид ба маблағгузории сохтмони асосӣ ва номгўи иншоотҳои дар соли 2015 бунёдшаванда, натиҷаи озмунҳои эълоннамудаи худро оиди интихоби пудрачиёни иҷрои корҳо ба маблағи беш аз 26,4 млн. сомонӣ дар 7 иншооти муҳандисию роҳсозӣ ҷамъбаст намуд. 

Мутобиқ ба Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иншоот Сохтмон 2012» барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Сохтмони 2-адад обпарто дар кўчаи Лермонтов» - лоти 1, ба маблағи  241 091 (дусаду чилу як ҳазору наваду як) сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иншоот Сохтмон 2012» барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Сохтмони обпарто, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ - зери кўпруки роҳи оҳан» - лоти 2, ба маблағи  2 441 957 (ду миллиону чорсаду чилу як ҳазору нуҳсаду панҷоҳу ҳафт) сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ақсо» барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Азнавсозии селпартои Будёний» - лоти 3, ба маблағи 2 170 307 (ду миллиону як саду ҳафтод ҳазору сесаду ҳафт) сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иншоот Сохтмон» барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Азнавсозӣ намудани канали Ҳазора (аз кўчаи М.Турсунзода то кўчаи С.Айнӣ)» - лоти 4, ба маблағи  4 050 100 (чор миллиону панҷоҳ ҳазору сад) сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саманд - 2010» барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии канали Шоҳмансур» - лоти 5, ба маблағи  2 634 900 (ду миллиону шашсаду сиву чор ҳазору нуҳсад) сомонӣ, инчунин Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Заводи асфалту бетон» барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Азнавсозии кўчаи П.Сулаймонӣ (аз хиёбони Борбад то Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50)» ба маблағи 3 625 230 (се миллиону шашсаду бисту панҷ ҳазору дусаду сӣ) сомонӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» барои иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Сохтмони роҳи автомобилгард, воқеъ дар шаҳраки 92 ноҳияи Сино (аз хиёбони Н.Махсум то хиёбони Б.Ғафуров)» ба маблағи 11 252 590 (ёздаҳ миллиону дусаду панҷоҳу ду ҳазору панҷсаду навад) сомонӣ, ғолибони тендер эътироф карда шуданд.

Зимнан, Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгар, вазифадор шудааст, ки мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғолибони тендерҳо – пудратчиёни асосии интихобгардида шартномаи пудрати сохтмониро ба имзо расонида, корҳои сохтмонии иншоотро тибқи лоиҳа ва нақшаи тасдиқгардида ба роҳ монда, бо таъмини назорати рафти иҷро ва сифати онҳо, иншооти сохтмонаш анҷомёфтаро дар ҳамкорӣ бо пудратчии асосӣ ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод кунад.