Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 April 2015

  ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №189 аз 08.04.2015

 

Дар бораи  баргузории Ниммарафони VI

байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 Бо мақсади баргузории Ниммарафони VI байналмилалии Душанбе ба муносибати сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт ва дар заминаи он таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта бо шаҳри Душанбе бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №110-1 аз 17 феврали соли 2015 «Дар бораи омодагӣ ба баргузории Ниммарафони VI байналмилалии Душанбе  ба муносибати Рӯзи пойтахт»  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М

1.                Ҳайати Кумитаи тадорукот, Нақшаи чорабиниҳо, тартиб ва сметаи хароҷоти баргузории Ниммарафони V1 байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тибқи замимаҳои 1,2,3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

2.                Кумитаи тадорукот 18 апрели соли 2015, соати 900 мусобиқаи Ниммарафони V1 байналмилалии Душанберо мутобиқ ба хати дави муайянгардида доир намояд.

 

3.                Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе (Қурбонов А.Ҷ.) ва роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

 

4.                Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) маблағи 235 660 (дусаду сиву панҷ ҳазору шашсаду шаст)  сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд, ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи Ниммарафони VI байналмилалии Душанбе мутобиқи харҷномаи замимагардида ҷудо намояд.

5.                Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Талбаков А.) ва Муассисаи давлатии  «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Юнусов Н.) барои таъмини асбобҳои пахши садо  ва омодасозии макони оғозу анҷом, инчунин масъалаҳои тарғиботии мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.

6.                Бо инобати мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар  рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофахои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати  корҳои хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати тартиби дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд.

7.                Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.), раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқа чораҳои зарурӣ  андешанд.

8.           Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

9.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова  Р.А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ