Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №197 08.04.2015

 

Дар бораи расондани ёрии яквақтаина ба хатмкунандагон – барандагони медалҳои тиллою нуқраи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе

       Бо  мақсади ҳавасмандгардонии моддии хатмкунандагон-барандагони медалҳои тиллою нуқраи  муассисаҳои таҳсилоти  умумии шаҳри Душанбе  бо  инобати  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №446 аз 25 октябри соли 2005 «Оид ба тадбирҳои аввалиндараҷаи инкишофи соҳаи маорифи пойтахт» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе аз  ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе  4100  (чор ҳазору сад)  сомонӣ барои расондани ёрии яквақтаина ба  5 (панҷ) нафар хатмкунанда-барандагони медалҳои тилло ва  нуқра  тибқи рӯйхати замимагардида,  ба ҳар як барандаи медали тилло 1000 (ҳазор)  сомонӣ ва нуқра,  700  (ҳафтсад)  сомонӣ ҷудо намояд.

     2. Раёсати  маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогардидаро таъмин созад.

3. Карори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4. Шуъбаи таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин созад.

 

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе   Қурбонова Р. А. гузошта шавад.         

 

                                                             М.  УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замима  ба  Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№197 08.04.2015

 

Рӯйхати

хатмкардагон –барандагони  медалҳои тилло ва нуқраи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2013-2014

 

т/р

Ном ва насаб

Муассисаи таълимӣ

Навъи медал

Маблағ (сомонӣ)

1

Бердиев Шаҳром

Гимназияи №53

тилло

1000

2

Азизмуродов Одилҷон

Литсаейи «Тиҷорат»

тилло

1000

3

Қосимов Искандаршо

Гимназияи № 9

нуқра

700

4

Ҷуразода  Дилбар

Литсейи Президентӣ

нуқра

700

5

Қаюмов Олимҷон

Гимназияи №53

нуқра

700

 

Ҳамагӣ

 

 

4100