26 апрели соли 2012 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи ба ифтихори Рӯзи пойтахт, бори нахуст дар Тоҷикистон аз 27-ум то 29-уми апрели соли 2012 таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе бо иштироки дастахои беҳтарини 20 кишвари Осиё баргузории Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ITF- Федератсияи байнамилалии таэквон-до), Президенти Федератсияи байнамилалии таэквон-до, узви Кумитаи байналмилалии Олимпӣ, профессор Чанг Унг ва Раиси федератсияи таэквон-до-и Осиё ҷаноби Ким Кёнг Хуро ба ҳузур пазируфт.
25 апрели соли 2012 ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба вазифаҳои барномавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Сарвари давлат 20 апрели соли равон баргузоргардида бармеоянд, доир гашт.
Шоми 23 апрели соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили пешгирӣ аз оқибатҳои боришоти сели мавсимӣ дар минтақаҳои хавфноки аҳолинишини шаҳр ва беҳдошти ҳолати каналу селпартоҳои марзгузари пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони маҳаллаҳо ва сардорони оилаҳои манзили истикоматияшон осебпазир баргузор гардид.
Да р толори мӯҳташами КВД «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расми ҷамъбасти тамоми озмунҳои касбии шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш бо унвонҳои «Беҳтарин варзишгари шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин соҳибкор-ҳаводори варзиши сол дар шаҳри Душанбе»
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №202 аз 18.04.2012
Дар бораи баргузории Чемпионати Осиё аз рӯи намуди варзиши таэквондо ИТФ* дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи пойтахт
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 199 аз 18.04.2012
Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол - 2011», «Директори сол - 2011», «Муаллими сол - 2011», «Кӯдакистони сол - 2011», «Мудири кӯдакистони сол - 2011», «Мураббии сол - 2011» ва «Синфи беҳтарини сол - 2011»
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №200 аз 18.04.2012
Дар бораи ба хатмкунандагон-барандагони медалҳои тилло ва нуқра расонидани ёрии яквақтаина
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №201 аз 18.04.2012
Дар бораи пардохти маблағҳои идрорпулиҳо ба хонандагони аълохони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорони эҷодкору навҷӯи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе
Қ А Р О Р И Р а и с и ш а ҳ р и Д у ш а н б е №198 аз 18.04. 2012
Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Муассисаи мусофиркашонӣ
ва ронандаи беҳтарин дар соли 2011»
Бо назардошти саҳми арзандаи корхонахои нақлиётии шаҳри Душанбе ва бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаю ҳавасмандгардонии онҳо ба муносибати Рӯзи пойтахт, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»


