Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №550 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015»
27 декабри соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдории Душанбе оид ба дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат тақвият бахшидани тадбирҳо баҳри ғановати бозори истеъмолӣ ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба дастурхони идонаи сокинон ба ифтихори Соли нав баргузор гардид.
Таҳлили маводҳои таърихӣ аз китобҳои «Большая советская энциклопедия», «Энциклопедическая словарь», Интернет ва ғайра дастрасгардида шаҳодат медиҳанд, ки Соли нави мелодӣ, ки имрўз дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, бо хусусияти дунявӣ таърихи беш аз 2000 сола дошта, ба таблиғи расонаҳои хабарии ватанӣ, ки онро ба ҷаншгирии мавлуди Исои Масеҳ алокаманд медонанд, хушбахтона иртиботе надорад.
22 декабри соли 2011 Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.
Соле, ки ба интиҳо мерасад, бо як идда рўйдодҳои хотирмони худ, қабл аз ҳама бо таҷлили сазовор дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ нахустин Наврўзи байналмилалӣ, ҷашни бошукўҳу таҳкимбахши Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Намоиши театрикунонидашудаву Манифестатсияи сокинони шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои заррини таърихи навини кишвар ва пойтахти он сабт хоҳад гашт.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2011 то 30 январи соли 2012 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 4 феврали соли 2012 эълон менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» аз 15 декабри соли 2011 то 15 январи соли 2012 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 20 январи соли 2012 эълон менамояд.
Дар бораи таҷлили Соли нави 2012
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2012 ва муҳайё намудани шароитҳои зарурии фарҳангу фароғатии солинавӣ барои сокинони шаҳри Душанбе, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»
Дар бораи эълони озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои ангорӣ ва лоиҳакашони иншоот-ҳои «Сохтмони Қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст дар кӯчаи Карамов» ва «Сохтмони Қасри варзишии обӣ барои 4000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Карамов»
10 декабри соли 2011 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Маҳмадсадид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории анъанавии шаҳрдории Душанбе дар семоҳаи охири соли равон бо иштироки аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе, фаъолони пойтахт, раисони Комиссияҳои доимии Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқук ва сохторҳои кор бо ҷавонону занон дар шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, шўроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, ширкатҳои соҳибмулкони манзил, роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ва намояндагони дигар институтҳои шаҳрвандӣ баргузор гардид.


