Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / ҚОИДАҲОИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТӢ, ОБОДОНИ ВА САНИТАРӢ ДАР Ш. ДУШАНБЕ / Фасли 6. Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳолати санитарӣ дар оромгоҳҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт

Қоидаҳои мазкур асосҳои ҳуқукии таъмини тартиботи чамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян намуда, ҷавобгариро ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон намудани онҳо муқаррар менамояд.

 

 Фасли 6. Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳолати санитарӣ дар оромгоҳҳо

 

37. Оромгоҳҳои «Лучоб», «Сари Осиё», «Марказӣ» ва «Шохмансур» ба Раёсати оромгоҳҳои Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе тааллуқ доранд.

38. Маъмурияти Раёсати оромгоҳҳо ӯҳдадоранд:

      а) тартиботи ҷамъиятӣ ва тозагиро дар ҳудуди оромгоҳҳо таъмин намоянд;

      б) дархости шаҳрвандонро ба таври фаврӣ қабул карда, доир ба гӯронидани марҳумон талаботи меъёрҳои санитариро риоя намуда, нигоҳубини тахталавҳа ё санги болои қабрро дар асоси шартнома бо ворисони марҳум ва пардохти онҳоро тибқи нархномаи тасдикгардида амалӣ гардонанд;

      в) тибқи дархости шаҳрвандон асбобу олотҳо (бел, халта, шоха ва ғайра)-ро таъмин намоянд;

      г) дар ҳудуди оромгоҳҳо корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳубини онҳоро гузаронанд;

      д) қабр ва пайкараҳое, ки дар ҳифзи давлат қарор доранд, таъмир карда, дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ намоянд.

39. Манъ карда шавад:

      а) бе иҷозати маъмурияти Раёсати оромгоҳо гузоштани санглавҳаҳо, азнавсозӣ ва бартараф кардани маснуотҳои болоиқабрӣ;

      б) ифлос кардани оромгоҳҳо ва чаронидани ҳайвонот дар ҳудуди оромгоҳҳо;

      в) сайругашт ва ҳозир будан пас аз дарбаст (маҳкам) кардани оромгоҳҳо;

      г) сӯхтани ҳезуму барафрохтани гулхан ва ташкил кардани ҳар гунна бозиҳо.

      Шаҳрвандоне, ки талаботи банди мазкурро вайрон мекунанд, аз тарафи мақомотҳои ваколатдор тибқи санадҳои меъёрии хукуки амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.