Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Фарҳанг

Тоҷикистон - малакати дороифарҳанг ва анъанаҳои қадимӣ мебошад. Нақши фарҳанг барои истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бузург мебошад. Анъанаҳои халқӣ мардумро ба ҳам оварда, ва асоси сулҳи барқароргардида мебошад. Фарҳанги тоҷикон ба шакли худ беҳамто мебошад ва нигоҳдошти арзишҳои миллиро талаб менамояд.
 Барои танзими фаъолияти фарҳангӣ ва таҳияҳои нақшаҳои комплексии муассисаҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Шӯъбаи фарҳанг таъсис дода шудааст. Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе сохтори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе буда, дар доираи фаъолияти худ Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқӣ, фармонҳо ва дигар дастуру санадҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, қарорҳо ва амрҳои Раиси шаҳри Душанбе ва Ойинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

1.1.    Суроғаи Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе - шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 18 мебошад ва шакли ташкиливу ҳуқуқии он мувофиқи моддаи 134-и Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст.

II.    ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШӮЪБАИ ФАРҲАНГИ
ШАҲРИ ДУШАНБЕ:

    Роҳбарии фаъолияти фарҳангӣ - маърифатӣ, ташкилоту муассисаҳои фарҳангӣ ва санъатро ба дӯш дошта, рушду пешбурди нақши муассисаҳои маданӣ - равшаннамоӣ ва фарҳангиро дар тарбияи ѓоявӣ-сиёсӣ, меҳнатӣ, маънавӣ ва эстетикӣ таъмин менамояд, барои мустаҳкам намудани заминаи моддиву молиявии онҳо чорабиниҳоро амалӣ менамояд;
    Мутобиқ намудани фаъолият ва назорати муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ, фарҳангӣ ва санъатро новобаста аз тобеъияти идоравиашон амалӣ менамояд;
     Маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангиро барои рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва санъат ба роҳ монда, беҳтар намудани хизматрасонии фарҳангӣ ба аҳолиро таҳия ва баргузор менамояд. Маҷмааҳои фарҳангӣ таъсис менамояд.
    Хизматрасонии видеоиро барои аҳолӣ назорат намуда, баҳри пешбурд ва рушду нумӯи санъати театрӣ, мусиқӣ, рақсӣ, бадеӣ ва дигар намудҳои санъат, ҳунарҳои халқӣ ва худфаъолияти бадеӣ чораҳои амалӣ меандешад;
    Баргузории фестивалҳо, даҳаҳои фарҳангӣ, озмунҳо, намоишгоҳу дигар чорабиниҳоро дар соҳаи адабиёт ва санъат таъмин менамояд;
    Роҳбарӣ ва назорати давлатиро барои ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ амалӣ менамояд;
    Корҳои нашриётӣ, истеҳсолоти полиграфӣ, муассисаву ташкилотҳои савдои китоби тобеъи шаҳри Душанберо роҳбарӣ менамояд;
    Назорати ѓанӣ гардонидан ва ташаккули фондҳои китобии китобхонаҳоро амалӣ менамояд;
    Барои вусъати тафаккури мардуми пойтахт, танзими расму оинҳои мардумӣ, маросимҳо ва иду маъракаҳо корҳои амалӣ мебарад;
    Смета ва воҳидҳои штатии муассиса ва ташкилотҳои тобеи Шӯъбаро тасдиқ менамояд, ҳисоботҳои ҷорӣ ва солонаро оиди фаъолият таҳия намуда, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
     Назорати молиявӣ ва ҳуҷҷатгузории муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, ҳамчунин муассисаҳои соҳаро, ки ба иҷора дода шудаанд, амалӣ менамояд;
    Муассиса ва ташкилотҳои тобеи Шӯъбаро бо лавозимоту таҷҳизот ва дигар маводҳои зарурӣ таъмин менамояд;
    Тадбирҳоро оиди сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири бинои клубҳо, китобҳонаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои фарҳангии тобеи Шӯъба амалӣ месозад;
    Таҷрибаи пешқадамро меомӯзад, хулосабарорӣ менамояд ва дар ташкилоту муассисаҳои фарҳангии тобеи Шӯъба ҷорӣ менамояд;
    Барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилоту муассисаҳои фарҳангии шаҳри Душанбе ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳодҳо ирсол менамояд;
    Барои ҳифз ва самаранок истифодабарии моликияти давлатӣ дар ташкилоту муассисаҳои фарҳангии тобеъ чорабиниҳо амалӣ месозад.
    Ҳолати техникаи бехатарӣ ва зиддисӯхторро дар ташкилоту муассисаҳои фарҳангӣ назорат менамояд.
    Барои дар ташкилоту муассисаҳои фарҳангии тобеи Шӯъба ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам корҳои мушаххасро амалӣ менамояд;
    Бо ҷалби сохторҳои худ, курсҳо ва шӯъбаҳои ҳисоби хоҷагӣ ва ѓайраро, ки барои пешрафти соҳа мусоидат менамоянд, таъсис медиҳад.
     Баррасии пешниҳодҳо, ариза ва муроҷиатҳои шаҳрвандонро саривақт ва дақиқкорона ба роҳ монда, барои ҳалли мусбати масъалаҳо кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати аз байн бурдани камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти сохторҳои зертобеъ чораҳои амалӣ меандешад.
    Дар лоиҳакашии маҷмааҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо, лавҳаҳои ёдгорӣ иштироки фаъолона намуда, барои таъмини сифати бадеии онҳо назорати амалӣ мебарад.
     Чорабиниҳоро вобаста ба таъмини ҳифзи меҳнат, тозагӣ ва техникаи бехатарӣ дар муассисаҳои тобеъ, омода намудан, такмили ихтисос ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси кормандони соҳаро дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар таҳия намуда, иҷрои онҳоро таъмин менамояд.
    Барои рушду тавсияи ҳамаҷонибаи робитаҳои фарҳангӣ бо бародаршаҳрҳои пойтахт, кишварҳои ҳамсоя ва мамолики дуру наздик чораҳои амалӣ меандешад.