Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Соҳаи иҷтимоӣ / Рушди иқтисодиёт
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Рушди иқтисодиёт
Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии
шаҳри Душанбе дар соли 2018 
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботиқонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо якқатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.                       
Бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд. 
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ)
Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2018 ба 13808,0 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017 7,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,1 фоизро ташкил дод. 
Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад. 
Тамоюли афзоиши ҳаҷми номиналӣ ва рушди воқеии
МММ дар моҳҳои январ - декабри солҳои 2017 ва 2018
 
Дар моҳҳои январ - декабри соли 2018 сохтори МММ аз ҳисоби  истеҳсоли молҳо 17,9 фоиз (моҳҳои январ - декабри соли 2017-ум 21,2 фоиз), хизматрасонӣ 76,2 фоиз (75,3 фоиз) ва андозҳо 6,9 фоиз (3,4 фоиз) ташаккул ёфтааст.
                             Сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар
моҳҳои январ - декабри солҳои 2017 ва 2018 (бо фоиз)
 
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 118,9 фоиз, гардиши савдо 119,9 фоиз, мусофиркашонӣ 104,6 фоиз, боркашонӣ 106,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 104,3 фоиз таъмин гардидааст.
Соҳаи саноат
Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар соли 2018 заминаи мусоид фароҳам овард.  
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 448 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2194,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 18,3 фоиз зиёд мебошад. 

Тамоюли ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ
дар моҳҳои январ - декабри солҳои 2017 - 2018

Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 14,8 миллион сомонӣ ё 1,8 маротиба, саноати коркард 1455,6 миллион сомонӣ ё 16,5 фоиз, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724,3 миллион сомонӣ ё 9,3 фоиз зиёд гардидааст. 
Дар давраи ҳисоботӣ суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – 117,2 фоиз, Шоҳмансур – 107,3 фоиз, Фирдавсӣ – 117,5 фоиз ва Сино – 124,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардидааст.
                            Таносуби соҳаҳои саноат дар ҳаҷми умумии                                    истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ
       дар моҳҳои январ – декабри соли 2018  (бо фоиз)
 
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 110,5 фоиз, истеҳсолоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 106,9 фоиз, истеҳсоли чарм, маҳсулот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол 114,3 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб 122,6 фоиз, истеҳсоли селлюлозаю коғаз ва фаъолияти табъу нашр 1,7 маротиба, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 1,6 маротиба, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти маъдании ғайрифилизӣ 114,3 фоиз, истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 130,9 фоиз ва истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 125,9 фоиз мусоидат намуданд. 
Дар ин давра 245,6 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи зиёда аз 9,6 миллион сомонӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 20,0 фоиз ва 23,1 фоиз зиёд мебошад.
Аз 86 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ дар ин давра истеҳсоли 54 номгӯй афзоиш ёфта, истеҳсоли 30 номгӯй кам шуда ва 2 номгӯй умуман истеҳсол нагардидааст. 
Ҳаҷми маҳсулоти аз анбор ба фурӯш баровардашуда 2147,0 миллион сомониро ташкил намуд, ки ба 97,8 фоизи маҳсулоти истеҳсолгардида баробар аст.
Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 2,9 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра дар шаҳр 22 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 157 адад ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар ин давра бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе барои бунёди 9 адад корхонаи саноатӣ дар ҳудуди пойтахт санги асос гузошта шуд.   
Истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ
Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 1397,6 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,8 фоиз ё 368,6 миллион кВт соат зиёд мебошад.
                                     Ҳаҷми истеҳсоли энергия дар
моҳҳои январ – декабри солҳои 2017 – 2018
 
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар маҷмӯъ ба миқдори 2958,8 миллион кВт соат энергияи барққабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 миллион кВт соат кам мебошад. 
Хароҷоти технологии (талафот) барқ дар давраи ҳисоботӣ 15,4 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 банди фоизӣ кам мебошад. 
Маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ дар соли 2018 ба 590,7 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад 540,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 91,4 фоизи нақша баробар мебошад.
Ҳаҷми истифоданамудаи энергияи барқ аз ҷониби аҳолӣ 247,4 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, ҷамъоварии он 236,2 миллион сомонӣ ё 95,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли энергияи гармӣ дар ин давра ба 656,7 ҳазор Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,4 фоиз ё 228,5 ҳазор Гкал зиёд мебошад.
Ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи 20,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 4,8 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту идораҳои гуногун 15,6 миллион сомонӣ интиқол гардид. 
Дар давраи ҳисоботӣ пардохти маблағҳо дар маҷмӯъ 19,9 миллион сомонӣ ё 97,9 фоиз, аз ҷумла аз ҷониби аҳолӣ бо дарназардошти ҷамъоварииқарзҳои пешина 5,9 миллион сомонӣ ё 123,9 фоиз ва аз ҷониби ташкилоту идораҳои гуногун 14,0 миллион сомонӣ ё 89,9 фоизро ташкил медиҳад. 
Бояд зикр намуд, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳоиқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» дар шаҳри Душанбе бароиқабули энергияи гармӣ 1700 иншоот бо дарназардошти соли гузашта ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе иловатан барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳанда 181 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра онҳо пурра пайваст гардиданд.
Дар маҷмӯъ дар ҳудуди шаҳр 1881 адад бинову иншоотҳо бо энергияи гармӣ таъмин карда шуд.   
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ
Дар моҳҳои январ - декабри соли 2018 ҳаҷми умумии  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 2740,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90,8 фоизро ташкил медиҳад.
Камшавии азхудкунии сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби маблағгузории сармояи хориҷӣ (аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаи бахши электроэнергетикӣ бинобар анҷом ёфтани маблағгузорӣ ҷиҳати сохтмони МБГ -2) ва маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ба миён омадааст.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 1134,8 миллион сомонӣ ё 41,4 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 881,5 миллион сомонӣ ё 32,1 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 726,6 миллион сомонӣ ё 26,5 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 2072,8 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,4 фоиз зиёд мебошад.
Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин давра 440,2 миллион сомонӣ маблағгузориҳои асосиро аз худ намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 фоиз зиёд мебошад. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаи мазкур дар 124 иншоот, аз ҷумла барои корҳои сохтмонию васлкунӣ дар 106 иншоот ва барои лоиҳакашию муҳаққиқӣ дар 18 иншоот маблағгузорӣ амалӣ гардид. 
Дар маҷмӯъ аз ҷониби муассиса 562,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои сохтмони иншоотҳо 408,2 миллион сомонӣ, барои корҳои лоиҳакашӣ 4,1 миллион сомонӣ ва барои бартарафкунии иншоотҳо 150,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ амалӣ карда шуд.
Дар ин давра 50 иншоот ба тавозуни ташкилотҳои истифодабаранда супорида шуда, тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар 29 иншоот корҳои сохтмонию васлкунӣ бо маром идома доранд.    
Боядқайд кард, ки дар ин давра таъмир ва азнавсозии 4 иншоот дар соҳаи тандурустӣ ва 5 иншоот дар соҳаи фарҳанг ба анҷом расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф дар маҷмӯъ сохтмон, таъмир ва азнавсозии 41 иншоот барои 25378 ҷойи нишаст амалӣ гардида, сохтмон ва азнавсозии 16 муассисаи таълимӣ барои 12508 ҷойи нишаст ва корҳои лоиҳакашӣ дар 12 муассисаи таълимӣ барои 8070 ҷойи нишаст идома доранд.
Аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохтмон ва таъмири 6 муассисаи таълимӣ барои 4184 ҷой, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2624 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4660 ҷой идома доранд.
Сохтмон ва таъмири 13 муассисаи таълимӣ барои 4800 ҷойи нишаст, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе 10 муассисаи таълимӣ барои 2240 ҷой ба истифода дода шуд. 
Аз ҳисоби буҷети шаҳр таъмири 3 муассисаи томактабӣ барои 690 ҷой, лоиҳакашии 5 муассисаи томактабии дорои 962 ҷой ва аз ҳисоби соҳибкорон сохтмони 11 адад муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷой ва лоиҳакашии 6 муассисаи томактабии дорои 970 ҷой бо маром идома доранд.
Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 217,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад. 
Бо мақсади боз ҳам зебову хуррамгардонии ҳудуди минтақаҳои шаҳр тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шахсони ташаббускор ҷиҳати бунёди 92 адад  майдончаҳои варзишӣ ва ташкили боғу гулгаштҳо дар 12 мавзеъ вобаста карда шуданд.
Дар ин давра аз тарафи масъулин дар 88 адад майдончаи варзишӣ ва дар 11 адад боғу гулгаштҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифодабарӣқарор дода шуданд.  
Инчунин, тибқиқарорҳои алоҳидаи Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби эҳсонкорон дар 18 мавзеъ сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, бунёди 14 майдонча анҷом ёфта, ба истифода супорида шуд.      
Дар ин давра ҷиҳати ба талаботҳои муосир мувофиқ гардонидани иншоотҳо зиёда аз 200 бино пурра рангубор ва таҷдид гардида, дар 86 бинову иншоотҳо корҳои равшандиҳӣ бо дизайни замонавӣ ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар гардонидани хизматрасониҳо ба мусофирон ва меҳмонони пойтахт, азнавсозии 27 адад истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарии замонавии банақшагирифташуда пурра иҷро гардида, мавриди баҳрабардорӣқарор дода шуд.
Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу купрукҳои шаҳри Душанбе» дар 24 иншоот, аз ҷумла дар 19 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 32,5 километр, дар 4 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 5,5 километр ва доир ба кашидани хатҳои уфуқӣ дар хиёбону кӯчаҳо, бо маблағи умумии 243,6 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ шуда, иҷроиши он ба 241,9 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Айни замон, дар 10 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19,9 километр ва бо масоҳати 315,6 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст.
Инчунин, дар ин давра 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии умумии 2,4 километр ба истифода супорида шуд.  
Боядқайд намуд, ки то охири соли 2018 бо ташаббуси эҳсонкорон 28,0 километр (дар ин давра 10,8 километр иҷро гардидааст) ва аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ 8,36 километр таъмиру таҷдиди роҳҳо ба нақша гирифта шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вақарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбеқитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати 7443 гектар ба ҳудуди шаҳр ворид карда шуд.
Дар маҷмӯъ, ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум  то соли 2025 ба 25318 гектар расонида мешавад.     
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкорон ва ташкилоту муассисаҳо 4095 чорабиниҳои гуногун, бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар 3 соли оянда бунёди иншоотҳо, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ 21 адад барои 18594 ҷойи нишаст, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ 74 адад, сартарошхона ва кошонаи ҳусн 24 адад, сохтмони биноҳои баландошёна 133 адад ва рангубори биноҳо 2224 адад пешбинӣ шудааст.
Нақлиёт
 Дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 бо ҳама намудҳои нақлиёт 8842,9 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,8 фоизро ташкил медиҳад. 
Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 8411,8 ҳазор тонна бор кашонида шуд, ки 95,1 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 фоиз зиёд мебошад.  
 
Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ
дар моҳҳои январ – декабри солҳои 2017 – 2018
 
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 272,7 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз зиёд мебошад. 
Бо нақлиёти автомобилӣ ва барқӣ (корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ) дар ин давра 261,1 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади беҳбуд бахшидан дар раванди фаъолият ва рушди комплекси нақлиёти автомобилӣ таҳкими тартиботи хизматрасонии нақлиётӣ ба мусофирон ва пурзӯр намудани назорати фаъолияти онҳо дар хатсайрҳо якқаторқарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, вобаста ба иҷрои онҳо нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шуд. 
Дар шаҳри Душанбе 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ ва 14 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ дар 79 хатсайрҳои мусофирбарӣ, ки аз ин 21 адад автобусгард, 8 адад троллейбусгард ва 50 адад микроавтобусгард мебошанд, хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон ба роҳ монда шудааст.
Бо дарназардошти ворид гардидани автобусҳои нави замонавӣ дар шабакаҳои дохилишаҳрӣ хатсайрҳои нави автобусии №№2, 4, 6, 10, 11, 22, 43 ва 81 ташкил карда шуд.
Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 4296 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 604 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 2037 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва 1637 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ фаъолият менамоянд.
Аз шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналии шаҳр 64 адад автобусҳои тамғаи гуногуни «ISUZU», 169 адад тамғаи «AKIA», 145 адад тамғаи «ЛиАЗ», 79 адад тамғаи «ПАЗ», 10 адад тамғаи «Икарус», 16 адад тамғаи «Кинг-лонг», 4 адад тамғаи «SAZ», 30 адад тамғаи «Газел» ва 105 ададро Троллейбус ташкил медиҳад.
Боядқайд намуд, ки дар ин давра бо дарназардошти ворид ва ба истифода додани автобусҳои нави замонавӣ, инчунин вобаста кардани баъзе хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба корхонаҳои коммуналӣ ҳиссаи бахши коммуналӣ дар хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ (хусусӣ) зиёд гардидааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият ва азнавнавсозии парки нақлиёти мусофирбарии пойтахт, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва таъмини рушди устувори соҳа, дар доираиқарордоди баимзорасида бо яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия тибқи нақшаи муайянгардида харидории 200 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» (дар шакли мошинкомплект) амалӣ гардид.
Дар доираи ҳамкориҳо бо ширкати «AKIA» ҷиҳати амалӣ намудани хизматрасониҳои кафолатӣ Маркази хизматрасонии техникии «Сити сервис ЛТД» таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба пешниҳоди хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва боркаш равона гардидааст. 
Боядқайд намуд, ки бо мақсади иҷроиқарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017, №419 «Дар бораи амалисозии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» шурӯъ аз моҳи марти соли 2018 дар нақлиёти истифодаи умуми пойтахт низоми мазкур дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ ва ҷорӣ гардид.
Дар ин давра дар 3 хатсайри автобус ва 6 хатсайри троллейбус ҳамлу нақли мусофирон тариқи низоми пардохти электронии роҳкиро ба пуррагӣ ба роҳ монда шуда, пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо тавассути кортҳо амалӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати иҷроиқарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 декабри соли 2017, №777 «Дар бораи ройгон истифода намудани нафақахӯрони синну солашон аз 75 сола боло аз хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои нақлиёти сабукрави таксӣ)» 1640 адад корти ройгон ба нафақахӯрон дастрас карда шуд.
Гардиши савдо. Тибқи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои   январ – декабри соли 2018 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 6673,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,9 фоиз зиёд мебошад. 
Ҳаҷми гардиши савдо дар
моҳҳои январ - декабри солҳои 2017 – 2018
 Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо зиёдшавии ҳаҷми савдои яклухт 2058,3 миллион сомонӣ ё 138,9 фоиз, савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 4615,5 миллион сомонӣ ё 112,9 фоиз мусоидат намудааст. 
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 5823,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2017 бо нархҳои муқоисавӣ 4,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар сохтори хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ саҳми корхонаҳои бахши давлатӣ 923,4 миллион сомонӣ ва бахши ғайридавлатӣ 4899,7 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба 103,6 фоиз ва 104,5 фоиз баробар мебошад.   
Сатҳи таваррум. Дар моҳи декабри соли 2018 таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2017) дар сатҳи 7,0 фоиз нигоҳ дошта шуд. Боядқайд кард, ки дар ҳамин давраи соли 2017 нишондиҳандаи мазкур ба 8,6 фоиз баробар буд.
Сатҳи таваррум,  индекси нарх ва тарофаҳо
дар моҳи декабри соли 2018 нисбат ба моҳи декабри соли 2017 (бо фоиз)
 
Ба болоравии сатҳи таваррум дар ин давра зиёд гардидани нархи молҳои ғайриозуқаворӣ 11,8 фоиз, хизматрасониҳо 8,2 фоиз ва молҳои озуқаворӣ 4,4 фоиз таъсир расонидааст.
Зиёд гардидани нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби баланд шудани нархҳои равғани маска - 144,6 фоиз, биринҷ - 130,1 фоиз, маҳсулотиқаннодӣ - 110,1 фоиз, моҳӣ - 109,1 фоиз, маҳсулоти гӯштӣ - 108,6 фоиз, орди навъи якум - 108,3 фоиз, маҳсулоти ширӣ - 106,7 фоиз, равғани растанӣ - 105,9 фоиз ва тухм - 104,7 фоиз ба амал омадааст.  
Гардиши савдои хориҷӣ
Мувофиқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 398,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва тавозуни он
дар солҳои 2017 - 2018 (бо млн. $ ИМА) 

Дар давраи ҳисоботӣ содирот 18,8 миллион доллари ИМА ва воридот 379,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,8 маротиба ва 10,8 фоиз зиёд мебошад.
Тавозуни манфии гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра ба 360,5 миллион доллари ИМА баробар гардид.
Молия
Мувофиқи маълумоти фаврӣ дар соли 2018 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2856,5 миллион сомонӣ ё 100,0 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 0,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
Қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1624,2 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 0,2 миллион сомонӣ зиёд аст. 
                               
                                            Нақшаи даромади буҷет
дар моҳҳои январ – декабри солҳои 2017 – 2018

Воридоти контингенти умумии андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи И.Сомонӣ 100,0 фоиз ё ба маблағи 688,1 миллион сомонӣ, ноҳияи Шоҳмансур 100,0 фоиз ё ба маблағи 997,2 миллион сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ 100,1 фоиз ё ба маблағи 355,5 миллион сомонӣ ва ноҳияи Сино 100,0 фоиз ё ба маблағи 760,7 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.
Нақшаиқисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 95,4 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 1910,8 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 410,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 1216,5 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шудааст. 
Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадории иҷтимоии давлат, барои дастгирии аҳолии камбизоати шаҳр ва беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ин давра 14,1 миллион сомонӣ кумакпулиҳо равона гардидааст.
Гардиши ҳуҷҷатҳо
Дар соли 2018 ба мақомот 20626 мактуб, аз ҷумла аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 адад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1250 адад, вазорату идораҳо 1505 адад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 544 адад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва муассисаву ташкилоти тобеи шаҳрӣ 15762 адад, хориҷи кишвар 240 адад, барқияҳо 289 адад ва тавассути шабакаҳои иҷтимоии мақомот 1025 адад ворид гардид. 
Дар ин давра аз шумораи умумии мактубҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, 26 ададқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 адад амр,  27 адад фармон, 77 ададқарор, 18 адад фармоиш ва 191 ададро нусха аз Протоколи маҷлисҳои Раёсат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки сари вақт мавриди корбарӣқарор дода шуданд.  
Вобаста ба моҳияти мактубҳои воридшуда аз ҷониби мақомот 10861 мактуб иҷро гардида, 9401 мактуб барои маълумот ва 364 мактуб дар ҳолати корбарӣқарор доранд.  
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе 849қарор ва 372 амр ба имзо расидааст, ки иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд.
Муроҷиати шаҳрвандон
Дар доираи иҷроиқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», боқарори  Раиси шаҳри Душанбе ҷадвалиқабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот тасдиқ гардида, дар асоси онқабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. 
Дар ин давра аз ҷониби сокинони шаҳр дар маҷмӯъ 8384 муроҷиат ворид гардид. 
Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 6464 адади онро муроҷиати хаттӣ, аз ҷумла 5128 муроҷиат бевосита ба мақомот,  416 муроҷиат ба воситаи сомонаи Раиси шаҳри Душанбе ва 920 муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи мақомоти болоӣ (Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин 1920 муроҷиати шифоҳӣ тавассути телефони боварӣ ташкил медиҳанд, ки сари вақт мавриди баррасӣ ва иҷроқарор дода шуданд. 
Бояд тазаккур дод, киқабули муроҷиатҳо тавассути почтаи электронии «dushanbe80@yahoo.com» ва шабакаҳои иҷтимоии  «Viber», «Whatsapp» ва «IMO»-и мақомот ба роҳ монда шудааст, ки дар ин давра 3940 адад аксу наворҳоқабул гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва масъулони сохторҳо 3181 нафар шаҳрвандонқабул гардида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоту дархостҳои онҳо ба сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас ирсол карда шуд.      
Ҳайати кадрӣ
Мувофиқи басти корӣ дар мақомот 207 воҳиди корӣ муқаррар гардида, аз ин шумора дар дастгоҳи Раиси шаҳр 86 воҳиди корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 121 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ дар мақомот 198 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд.  
Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 64 нафарро занҳо (32,3 фоиз) ва 134 нафарро мардон (67,7 фоиз) ташкил медиҳанд. 
Аз шумораи умумии занҳои фаъолияткунанда 16 нафар занон дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомот фаъолият менамоянд. 
Дар ин давра бо мақсади такмил додани донишу малакаи кормандони мақомот мунтазам машғулиятҳои идоравӣ ва семинарҳо дар самтҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва ҳуқуқию  иҷтимоӣ баргузор карда шуд. 
Тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар мақомот дар ин давра 2 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардида, 40 нафар мутахассисони лаёқатманд ба мансабҳои холии маъмурӣ тавсия дода шуда, бо кор таъмин гардиданд.    
Қобили зикр аст, ки дар ин давра зиёда аз 16 нафар кормандони мақомот дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. 
Вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ
Дар соли 2018 дар шаҳри Душанбе шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 42331 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 фоиз ё 826 адад зиёд мебошад. 
Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 9060 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99,8 фоиз) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 33271 нафар (102,6 фоиз), аз ҷумла бо патент 23166 нафар ва бо шаҳодатнома 10099 нафарро ташкил медиҳад. 
Бо мақсади ҷоннок намудани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ин давра якқатор корҳо мавриди амалқарор дода шуд.
Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 191,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра, дар ҳудуди пойтахт 36 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 16 корхона ба маблағи умумии 36,0 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ва 22 корхона ба маблағи умумии 155,9 миллион доллари ИМА дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.
Дар шаҳр 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо арзиши 519,1 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб 419,5 миллион доллари ИМА ва дар соли 2018 44,0 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Бонки Осиёгии Рушд Созишномаи грантӣ оид ба «Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштии шаҳри Душанбе» бароиқисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 41,8 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.  
Истифодаи амволи коммуналӣ
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 382 иҷорагир, аз ҷумла 101 иҷорагири манзилҳои истиқоматӣ ва 281 иҷорагириқисми иншоотҳо 7,3 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети шаҳр ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400,0 ҳазор  сомонӣ ё ин, ки 5,8 фоиз зиёд мебошад. 
Масоҳати умумии иҷора 99,7 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод, ки ба таъмини 2017 ҷойи нави корӣ мусоидат намудааст. 
Инчунин, дар ин давра аз ҳисоби хусусигардонии моликияти коммуналӣ ба андозаи 42,7 миллион сомонӣ ба буҷети шаҳр маблағ ворид гардидааст.
Вазъи бозори истеъмолӣ
 Дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе якқатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия  якқатор санадҳои дахлдор, аз ҷумлақарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2018, №110 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2018» вақарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2018, №113 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2018» таҳия вақабул гардид.
Бо мақсади иҷроиқарорҳои болозикр корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра зиёда аз 13,0 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.
Дар баробари ин, дар ин давра аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ ва бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ, аз ҷумла зиёда аз 556,1 тонна маҳсулоти гӯштӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд. 
Бояд зикр намуд, ки дар арафаи иди қурбон аз ҷониби корхона 2605 сар чорвои майдаи шохдор ба фурӯш бароварда шуд. 
Инчунин, корхонаи мазкур 38,8 тонна гӯшт, 17,0 ҳазор тонна шакар ва 5,5 ҳазор тонна равғани растанӣ ва 603 тонна картошкаро аз Ҷумҳурии Белорус, Покистон, Ҳиндустон ва Россия ворид намуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардонида истодааст.    
Боядқайд намуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 майи соли 2018, №323 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019»  КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» вазифадор гардидааст, ки маҳсулотҳои ниёзи аввалияро, аз ҷумла картошка – 3000,0 тонна, пиёз – 3000,0 тонна, сабзӣ – 500,0 тонна, шакар – 1000,0 тонна ва равған – 200,0 тонна захира намояд.
Дар ин давра нақшаи захираи пиёз, шакар ва равған пурра, картошкақисман (57 фоиз) иҷро гардида, ҷиҳати захираи сабзӣ корҳои шартномабандӣ бо хоҷагиҳои деҳконӣ ба анҷом расонида шуд. 
Хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ
Дар давраи ҳисоботӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва беҳдошти ҳолати тозагӣ ва санитарии шаҳр пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар ин давра якқатор чорабиниҳо ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонӣ дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида амалӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои зикргардида асосан барои кам намудани талафоти оби нӯшокӣ равона гардида, дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 163,4 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 миллион метри мукааб зиёд мебошад. Талафоти оби нӯшокӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 миллион метри мукааб кам шудааст.
Аз ҷониби КВД «Обу корези Душанбе» ба истеъмолкунандагон ба маблағи 69,4 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 68,0 миллион сомонӣ ё 98,0 фоизро ташкил намудааст. Аз ҷумла, ба аҳолӣ ба маблағи 31,3 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол гардида, ҷамъоварии маблағи он 29,9 миллион сомонӣ ё 96,0 фоизро ташкил додааст. 
Инчунин,қайд намудан зарур аст, ки дар доираи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе дар пойгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» сохтмони навбати дуюми обполакҳо бо иқтидори истеҳсолии 150,0 ҳазор метри мукааб оби тоза дар як шабонарӯз идома дорад. 
Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», ки мақсади асосии он саривақт таъминиқабул ва ҷойгир намудани партовҳои сахти маишӣ мебошад, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 278,0 ҳазор тонна партовҳои сахти маишироқабул ва тахту ҳамвор намудааст. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини чораҳои аввалиндараҷа оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода, вобаста ба мавсими боронгариҳо ва эҳтимолияи рух додани селу обхезиҳо, инчунин таъмини сатҳи санитарию эпидемиологӣ ва тоза нигоҳ доштани каналу селпартоҳо дар ҳудуди пойтахт, боқувваи техникаю механизм ва коргаронқисматҳои озоди каналу селпартоҳо аз гилу шағал ва партовҳо ба масоҳати 34,7 ҳазор метри мукааб тоза карда шуд.
Ободонӣ
 Дар давраи ҳисоботӣ якқатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуданд. 
Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 72442 бех дарахту буттаҳо ва 5,9 миллион бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шуда, дар майдони 497,2 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.
Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар мавсими тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018 7214 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар боғҳои устод «Рӯдакӣ», «Наврӯзгоҳ», «Нишони Тоҷик», «Ҷавонон», «С. Айнӣ», дар назди биноҳои Китобхонаи миллӣ, Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон», дар хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ,  И. Сомонӣ ва кӯчаи Аҳмади Дониш шинонида шуд.
Қайд кардан лозим аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонии пойтахт, кабудизоркунӣ, тарғиби риояи ҳифзи муҳити зист ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2018, №143 «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи кабудизоркунӣ ва ободонию созандагӣ  таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокинони пойтахт» ба тасвиб расид. 
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур дар ин давра дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе 17 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинон ва кормандони соҳаҳои гуногун дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, назди хонаҳои истиқоматӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо баргузор гардид.
Шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ
Дар моҳҳои январ - декабри соли 2018 аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 26730 ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд. 
Дар ин давра тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9930 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2899 нафар ё 41,2 фоиз зиёд мебошад. 
Бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар  2108 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ сафарбар карда шуданд, ки ин нишондиҳанда 100,0 фоизи иҷроиши дурнамои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Душанберо ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии ба касбомӯзӣ фарогирифташудагон 1755 нафар ё 83,2 фоизро занон ташкил медиҳанд. 
Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи 18 намуди касбу ихтисосҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамзамон, дар заминаи маълумоти ҷамъовардашуда доир ба ҷойҳои кории холӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар як моҳ на кам аз 2 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ 24 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ташкил гардид, ки тавассути он 703 нафар шаҳрвандони корҷӯй бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Тибқиқарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати расонидани кумакпулии яквақтаина дар ин давра ба 281 нафар шахсони ниёзманд ва маъюб ба маблағи 421,5 ҳазор сомонӣ кумакпулии молиявии яквақтаина ва дар арафаи идҳои давлатию миллӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз Фонди захиравии Раиси шаҳр 5,4 миллион сомонӣ кумакпулӣ расонида шуд.
Ба оилаҳои камбизоат, нафақахӯрони махсус ва мактаббачагони аз оилаҳои ниёзманд тавассути буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 3,8 миллион сомонӣ кумакпулию ҷубронпулӣ ҷудо гардида, пурра ба онҳо дастрас карда шуд.
Инчунин, 74 адад аробача, 87 адад асо, 9 адад асобағал, 148 адад роҳхат ва 5 талони рафтуомади ройгон дар нақлиёт ба шахсони имконияташон маҳдуд расонида шуд.
Соҳаи маориф
 Яке аз самтҳои густурдаи бахши иҷтимоии шаҳри Душанбе соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа бо мақсади беҳтар намудани раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли 2018 се барномаи ҳаётан муҳим, аз ҷумла Барномаи рушди маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 ва Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2022қабул гардид.
Зинаи аввали таълиму тарбия, ки раванди тӯлонӣ мебошад, ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ вобастагии мустақим дорад. 
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе 135 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 90 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 31 муассисаи томактабии хусусӣ ва 14 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ба шумор мераванд.
Шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 27885 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 22724 нафар дар муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 1873 нафар дар муассисаи томактабии хусусӣ ва 3288 нафар дар муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо фаро гирифта шудаанд. 
Дар шаҳри Душанбе 145 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи умумии асосӣ, 123 муассисаи миёнаи умумӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 110 муассисаҳои таълимии буҷетии шаҳри Душанбе, 35 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ аз ин 4 муассисаи таълимии байналмилалӣ мебошанд, ки бо фарогирии 197079 нафар хонанда фаъолият доранд. 
Инчунин, дар шаҳр 7 муассисаи интернатӣ фаъолият менамояд, ки дар он 1041 нафар хонандагон, аз ҷумла 40 нафар ятими кулл, 56 нафар бемодар, 318 нафар бепадар, 179 нафар аз оилаи камбизоат, 31 нафар аз оилаи бепарастор, 277 нафар кӯдакони маъюб, 107 нафар аз оилаҳое, ки падару модарашон бемор ва 33 нафар аз оилаҳое, ки падару модарашон дар маҳбас мебошанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. 
Муҳассилини муассисаҳои таҳсилотии пойтахт пайваста дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат намуда, сазовори дастовардҳои назаррас мегарданд. Дар ин давра 396 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ширкат варзида, аз ин шумора 149 нафар бо ҷойҳои ифтихорӣ (46 нафар ҷойи якум, 44 нафар ҷойи дуюм ва 59 нафар ҷойи сеюм) сазовор гардиданд.
Ҳамзамон, 289 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 175 нафари онҳо ҷойҳои ифтихориро (35 нафар ҷойи якум, 67 нафар ҷойи дуюм ва 73 нафар ҷойи сеюм) сазовор гардиданд.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии  кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт дар ин давра озмунҳои шаҳрии  «Директори сол–2017», «Омӯзгори сол–2017», «Кӯдакистони сол–2017», «Мудири кӯдакистони сол–2017», «Мураббии сол–2017», «Синфи беҳтарини сол–2017» ва «Волидайни беҳтарини сол–2017» ҷамъбаст гардида, ғолибони онҳо дар рӯзи ҷашнгирии Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣқадрдонӣ карда шуданд.
Фароҳам овардани шароити мусоиди фароғату истироҳат дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ яке аз самти афзалтари масъулини соҳа ба ҳисоб рафта, дар ин самт мунтазам тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Дар асосиқарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 майи соли 2018, №338 «Дар бораи ташкили истироҳати кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2018» давоми моҳҳои июн - августи соли сипаригардида дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Гулхан»-и ноҳияи Сино, «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур», «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва майдончаҳои солимгардонии 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавсими истироҳати тобистона ташкил ва баргузор карда шуд. 
Дар чор баст дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии ноҳияҳои пойтахт дар мавсими истироҳати тобистона 3320 нафар (аз онҳо 320 нафар аз мактаб-интернатҳо, 720 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 2280 нафар хонандагони фаъолу аълохон) ва 5600 нафар дар 35 майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ҳамагӣ 8920 нафар ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Дар соли 2018 79 курсҳои баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ - тарбиявӣ бо фарогирии 1567 нафар ташкил ва баргузор карда шуд.
Инчунин, бо дастгирии бевоситаи мақомот 19 нафар омӯзгорони фанни забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани такмили ихтисос ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба курси омӯзишӣ сафарбар карда шуданд.
Зикр намудан зарур аст, ки дар ин давра бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№26, 31 ва 55 баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣқарор гирифта, мактаби байналмилалии Академияи Кембриҷ дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуданд. 
Илова бар ин дар ин давра, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуда, якқисмати бинои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 мавриди истифодақарор дода шуд.
Соҳаи тандурустӣ
 Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад.
Дар давраи ҳисоботӣ 96396 нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки нисбат ба соли 2017 5706 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 36035 нафар ё 37,7 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Нишондоди миёнаи бистарӣ шудани беморон 8 рӯзро ташкил дода, баҳри муолиҷаи онҳо дар сатҳи муносиб тамоми чораҳои судбахш роҳандозӣ карда мешавад. 
Қобили тазаккур аст, ки бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе барои табобати кӯдакони гирифтори бемории «Нуқсони модарзодии дил» иловатан 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки аз ин ҳисоб 35 нафар кӯдакони бемор табобат ва ҷарроҳӣ карда шуданд.
Дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3350 нафар табибон ва 5287 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. 
Дар 61 муассисаи тандурустии шаҳр дараҷанокии касбии табибон 93,2 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 92,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра 416 нафар табибон (аз онҳо 19 нафар берун аз ҷумҳурӣ) ва 563 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос гузаштанд, ки ин тадбир ба омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани онҳо мусоидат менамояд. 
Дар шаҳри Душанбе дар 10 амбулатория 91 шуъба бо фарогирии 555 нафар табибони оилавӣ ва 1224 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ фаъолият дошта, ба аҳолии пойтахт пурра хизмати тибби оилавӣ мерасонанд. 
Яке аз масъалаҳои ташвишовари имрӯза ин тамоюли афзоишёбии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар пойтахт мебошад. 
Дар ин давра 244 нафар сироятёфтагон бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) муайян карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97 нафар зиёд мебошад. 
Инчунин, 1562 нафар сироятшудагони ВНМО дарқайди диспансерӣқарор доранд, ки аз онҳо 1435 нафар (91,9 фоиз) бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаҳои пешгирию табобатии тандурустии шаҳр дар ин давра 926 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз он ҷумла, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 20 нафар, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 15 нафар, ҷанговарони интернатсионалист 551 нафар, иштирокчиёни садамаи Чернобил 201 нафар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 139 нафар бақайд гирифта шуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки моҳи августи соли сипаригардида бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст мавриди истифода карор дода шуд.
Дар 5 озмоишгоҳи беморхонаи мазкур, аз ҷумла озмоишгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, серологӣ, вирусологӣ ва имунологӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда шудааст, киқаблан чунин имконоти ташхису табобат дар пойтахт мавҷуд набуд. 
Бо мақсади ҳавасманднамоии кормандони соҳаи тиб аз 25 феврал то 17 марти соли 2018 озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол - 2017», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2017», «Табиби сол - 2017», «Табиби оилавии сол - 2017» ва «Корманди миёнаи тиби сол - 2017» гузаронида шуд, ки ғолибони он дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе бо диплому ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.  
Кор дар самти идеологӣ
 Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуда, баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа чораҳои мушаххас меандешад.
Лозим ба зикр аст, ки аз ҷониби масъулини мақомот оид ба шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва дигар чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон 137 суҳбату вохӯриҳо бо фарогирии беш аз 26,5 ҳазор нафар аҳолӣ ва кормандони касбу кори гуногун баргузор карда шуд.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллию давлатӣ, ба монанди Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, 73-юмин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Рӯзи оила, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯзи куҳансолон, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгор, иди Меҳргон, Рӯзи Фалак, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Соли нави мелодии 2019, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор баҳри дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани онҳо дар ҳошияи баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуд. 
Бахшида ба ин санаҳои таърихӣ чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, фароғатӣ, илмӣ, варзишӣ, азқабили конференсияҳо, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, барномаҳои консертӣ, ҳашарҳои умумишаҳрӣ, ободкориву созандагӣ, намоишҳо бо иштироки васеи сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ гардида, шоҳроҳи протоколӣ, кӯчаву хиёбонҳо, майдонҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо бо шиору овезаҳо ва конструксияҳои замонавии ороишӣ-иллюминатсионӣ оро дода шуд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, якқатор ҳамоишу конференсияҳои илмию назариявӣ, аз ҷумла дар заминаи татбиқиқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Тарбияи насли солиму ояндасоз - рисолати волидайн», Конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Нақшиқонуни миллӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва солимгардонии фазои маънавӣ», ба ифтихори ҷашни 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон - ташаббускори ризоияти миллӣ ва эъмори сулҳи тоҷикон», Конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсия - сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ», ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори давлати миллии тоҷикон ва эҳёгари Роғун» ва ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: 2019 - 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - кафили рушди устувор» дар пойтахт баргузор карда шуд, ки дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар ин давра бо мақсади муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик Фестивали «Оши палав» баргузор карда шуд, ки дар он беҳтарин ошпазон аз 10 шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунари пазандагии худро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ якқатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, бахусус ба муносибати оғози кори агрегати аввали НБО «Роғун» таҳти унвони «Нури Раҳмон» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башариятқабул гардидани «Чакан»-и тоҷикон таҳти унвони «Сад ранги чакан» ва дар арафаи Соли нави мелодии 2019 барои ду ҳазор нафар хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, кӯдакони ятиму нимятим таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ боқарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозӣ доир ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, Шӯрои рушди соҳаи маориф, Комиссияи доимоамалкунанда оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва Комиссия оид ба татбиқиқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар назди мақомот таъсис ёфтанд.
Соҳаи фарҳанг
 Яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ дар фаъолияти мақомот соҳаи фарҳанг ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри дар сатҳи муносиб баргузор намудани иду ҷашнҳо чораҳои алоқаманд андешида, доир ба рушди фарҳангии пойтахт якқатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра боқарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 ноябри соли 2018, №769 «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид, ки яке аз дастовардҳои назаррас дар рушди соҳа ба шумор меравад.
Дар сохтори Раёсати фарҳанги пойтахт 1 Клуби марказонидашуда, 2 китобхона, 2 театр, 6 муассисаи таълимӣ  (4 мактаби бачагонаи мусиқӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат ва 1 мактаби бачагонаи рассомӣ) ва 1 Маркази илмию методӣ фаъолият менамояд.
Фонди Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ дар ин давра бо 22570 нусха китобу маҷаллаҳо мукаммал гардид.
Дар ин давра теъдоди хонандагон дар китобхонаҳои шаҳрӣ ба 109,2 ҳазор нафар расидааст.
Ҳамзамон, дар Китобхонаи муосири пойтахт 450 ҳазор нусха адабиёти электронӣ ва 30 ҳазор китобу маводи чопӣ мавриди истифодақарор доранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллию давлатӣ мунтазам чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ ва дар театрҳои ҳудуди пойтахт намоишномаҳои бадеӣ баргузор карда мешавад. 
Шурӯъ аз 7 апрел то 4 ноябри соли 2018 рӯзҳои истироҳатӣ дар боғи устод Рӯдакӣ, боғҳои фарҳангӣ - фароғатии «Фирдавсӣ», ба номи Садриддин Айнӣ, «Хайём», Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Аҳорун» ва майдони «800-солагии Москва» баҳри истироҳати бофароғати сокинону меҳмонони пойтахт 276 маротиба чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ бо фарогирии 105,6 ҳазор нафар сокинону меҳмонон доир карда шуд.
Зан ва оила
Кор бо занон ва оила яке аз самти дигари фаъолияти бахши иҷтимоии мақомот ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор ва ғайра дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ силсила тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд.
Дар шаҳри Душанбе 396600 нафар бонувон зиндагӣ менамоянд.
Дар ин давра 5449 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2017 1634 нафар зан зиёд мебошад.
Дар баробари ин, аз ҷониби мақомот ба касбомӯзии занону духтарон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, 1755 нафар занону ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 7721 оилаи нав бақайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 661 ҳолат зиёд мебошад.
Шумораи бекоршавии ақди никоҳ 1777 адад бақайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 195 адад зиёд аст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби масъулини соҳа 797 чорабиниҳо аз ҷумла, 170 вохӯриву мулоқот, 86 семинарҳои омӯзишӣ, 22 озмуну викторинаҳо, 15 маҳфилҳои фарҳангӣ, 4 мизи мудаввар ва конфренсия ва 500 гардишҳои санҷишӣ иттилоотӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба пойдории оила ва  пешгирии бегонапарастӣ баргузор карда шуданд.
Ҷавонон
 Дар робита ба дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар ин давра якқатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ 971 чорабинӣ (нисбат ба соли гузашта 133 чорабинӣ зиёд) бо фарогирии 297090 нафар (нисбат ба соли гузашта 20439 нафар зиёд), баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 616 чорабинӣ (нисбат ба соли гузашта 130 чорабинӣ зиёд) бо фарогирии 410680 нафар (нисбат ба соли гузашта 24828 нафар зиёд), дар маҷмӯъ 1587 чорабинӣ бо фарогирии 707770 нафар гузаронида шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 226 чорабинӣ ва шумораи фарогирандагон 45267 нафар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси шаҳри Душанбе бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр, барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар ниҳоду сохторҳои пойтахт баргузор карда шуд. Дарқаториқадрдонии кормандони ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳрӣ дар вазъияти ботантана ба 172 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт ба нахустин барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли хониши 2017 - 2018 шаҳодатнома ва маблағи стипендия тақдим гардид.
Бояд зикр намуд, ки дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе дар соли 2018 дар якқатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиё, Ҷаҳон, ҷомҳои Осиёву Ҷаҳон ва Бозиҳои Осиёӣ ширкат варзида, 4253 нафари онҳо бо ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 1698 нафар соҳиби медали тилло, 1273 нафар соҳиби медали нуқра ва 1282 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Сайёҳӣ
 Яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Пешвои миллат соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, ба рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи ояндадор дар мамлакат заминаҳои воқеии ҳуқуқиву бунёдӣ гузошт.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020» ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт боқарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2020 ба тасвиб расид. 
Қабули барномаи мазкур барои истифодаи самараноки имкониятҳо ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби сармоя ва омода намудани кадрҳои болаёқат дар пойтахт заминаи мусоид мегузорад.
Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани имконияти мусоид ҷиҳати таъмини фароғату сайёҳати сокинону меҳмонони пойтахт моҳи августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо ташаббуси мақомот нахустин бор Фестивали тобистонаи Душанбе «Dushanbe Summer Fest» дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо фарогирии беш аз 40 ҳазор сокинону меҳмонони пойтахт баргузор карда шуд. 
Инчунин, моҳи сентябр дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали хӯрокворӣ ва пуфакҳои ҳавоӣ таҳти унвони «Осмони рангоранги Пур - Нур» ва моҳи декабри соли 2018 Фестивали сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Душанбе - шаҳри орзуҳо» дар пойтахт доир карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки бо ибтикор ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи муаррифии таърихи пурғановати меъмориву шаҳрсозӣ, иқтидорҳои сайёҳӣ ва табиати дилфиреб, моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии туристӣ, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд.  
Бояд қайд намуд, ки Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ яке аз ташкилотҳои бонуфузи соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, зиёда аз 130 шаҳрҳои дунё шомили он мебошанд.
Танзими анъана ва ҷашну маросим
 Ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, танзими анъана, ки барои баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти сокинони шаҳри Душанбе равона шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот маҳсуб мегардад. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе маҷмӯан 73 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 18 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта, инчунин 30 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти худро дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайд гирифта, тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда ва талаботиқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» амал менамоянд.
Дар ин давра тавассути комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пойтахт бобати камхарҷ ва беисрофкорӣ доир намудани маъракаю маросимҳо, пешгирӣ карданиқонуншиканиҳо ва таблиғи корҳои хайриявӣ, дар маҷмӯъ 593 суҳбату вохӯриҳо ва мулоқоти ҳайати васеи иштироккунандагон баргузор карда шуд. 
Бо вуҷуди дар аксари тарабхонаю ошхонаҳои пойтахт тартиби истифодаи шартномаҳои тарафайн ба роҳ монда шуда бошад ҳам, то ҳол аз ҷониби баъзе шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ далелҳои қонунвайронкунӣ ба назар мерасанд. Бинобар ин, дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2832 санҷиши муштарак дар ноҳияҳо доир ба ошкор ва пешгирии қонуншиканӣ гузаронида шуд. 
Аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, зимни гузаронидани санҷишҳои мазкур ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва пешгирӣ нисбат ба 70 ҳолати қонунвайронкунӣ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба суд ирсол карда шуд.  
Дар ин давра дар қаламрави пойтахт маҷмӯан 8533 ҷашну маросимҳо, бо харҷи 33,3 миллион сомонӣ бақайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,1 миллион сомонӣ кам мебошад.
Бо мақсади расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба ятимону эҳтиёҷмандон бо дастгирии мақомот ва ноҳияҳои он, дар доираи ҷашнҳои милливу давлатӣ бо риояи танзими анъана ва ҷашну маросим тӯйи арӯсиву домодии 9 ҷуфт ҷавонон ва хатнасури 142 нафар кӯдакони аз оилаҳои камбизоат барпо карда шуд.
Вазъи ҷинояткорӣ
Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар соли 2018 нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, дар ҳудуди шаҳр ба 4587 адад баробар гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 ҷиноят ё 4,2 фоиз кам мебошад.