Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Бахшҳои сайт
Мо дар Интернет

Ҷустуҷӯ дар сайт
Маориф

Маълумот оид ба соҳаи маорифи пойтахт  

Дар пойтахт 244 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки аз инҳо:
- 131 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла:
- 105 адад кӯдакистонҳо
- 8 муассисаи таҳсилоти иловагӣ
198 муассисаи таълимӣ (108 мактаб, 82 кӯдакистон, 8 марказ таҳсилоти иловагӣ) аз буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд. Дар пойтахт намудҳои зерини мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд:
- 12 мактаби ибтидоӣ
- 11 мактаби асосӣ
- 108 мактаби миёнаи умумӣ

Аз шумораи умумии мактабҳои таҳсилоти умумӣ 21 муассисаи типии нав маҷуд аст. Аз ҷумла:
 - 16 адад гимназия
 - 5 адад литсейҳо

Шумораи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ то 1 сентябри соли 2009 1656537 нафар мебошад

Хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар се баст таҳсил мекунанд. Аз ҷумла:
- 33 мактаб дар як баст- 93479 нафар-56,5 %
-74 мактаб дар ду баст-66309 нафар-40,008%
- 25 мактаб дар се баст- 5646 нафар-3,4%
 
Забони таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт:
 - тоҷикӣ-138017 нафар-83,4 % ;
 - ӯзбекӣ- 4863 нафар- 2,9 % ;
- русӣ -22197- 13,4 %;
- англисӣ -357 нафар- 0,2 %

Дар пойтахт 8 мактаби хусусӣ амал мекунад:
- Гимназияи «Сарпараст»;
- Гимназияи «Ҳилол»;
- Гимназияи «Тоҷикистон»;
- Гимназияи «Ҳотам ва ПВ»;
- Гимназияи «Кафолат»;
- Гимназияи «Ҳиммат»;
- Мактаби ибтидоии рӯзаш бардавом;
- Гимназияи «Сомонӣ».  

Дар 105 муассисаҳои томактабии пойтахт (82 адад муассссаҳои буҷетӣ ва 23 адад муассисаҳои ғайрибуҷетӣ) 17738 (дар муассисаҳои томактабии буҷетӣ 14041 нафар) нафар кӯдакони синнӣ томактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ 3 муассиса ҳамчун муассисаи томактабии хусусӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии хонандагони мактабхо соли хониши 2008-2009-ро: - бо баҳои аъло - 13073 нафар ; -бо баҳои хубу аъло - 52571 нафар ; - ба тирамоҳ мононда шудаанд - 1695 нафар; - дар синфаш такроран мононда шуданд- 506 нафар ҷамъбаст намуданд. Хонандагоне, ки соли таҳсили 2008-2009-ро бо баҳои хубу аъло ба итмом расониданд 44,8% -ро ташкил медиҳанд . Ин нишондод дар соли таҳсили 2007-2008 аз 44,4% иборат буд. Синфи 11-ро 9133 нафар (дар соли хониши 2007-2008 ин нишондод аз 9089 нафар иборат буд) хонандагон хатм намуданд. Инчунин 159 нафар хатмкунандагони мактаби асосии (дар соли 2007-2008 ин шумора 143 нафарро ташкил мекард) мактабҳои шаҳр сазовори шаҳодатномаи аълои мактаби асосӣ дониста шудаанд, ки нисбат ба соли хониши 2007-2008 16 нафар зиёд мебошад. Имсол 15 нафар хонандагони мактабҳои пойтахт дар озмунҳои ташкил намудаи Шӯроҳои америкоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ иштирок намуда, барои такмили забондонии худ ба мӯхлати 1 сол (дар соли хониши 2009-2010) таҳсили худро дар ИМА давом медиҳанд. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар ҳамаи мусобиқа ва озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Онҳо дар соли 2009 ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Ѓунчаҳои санъат» буда, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ 88 нафар хонандагони шаҳри Душанбе ширкат варзида, 12 нафар сазовори ҷойи якум, 13 нафар ҷойи дуюм ва 23 нафар ҷойи сеюм гаштанд, яъне зиёда аз 50% довталабони мактабҳои пойтахт сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ҷамъбасти соли хониши 2007-2008 12 (5 медали тилло ва 7 медали нуқра) нафар хатмкунандагони мактабҳои пойтахт сазовори медалҳои тиллову нуқра гаштаанд. Дар соли хониши 2008-2009 ин нишондод ба 11(4 медали тилло ва 7 медали нуқра) баробар шуд.

Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф  

Барномаи инкишофи соҳаи маорифи пойтахт барои солҳои 2006-2010 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 45-5 аз 30 марти соли 2006 тасдиқ шудааст, ки ҳадафи он рушди соҳаи маорифи пойтахт дар давраи солҳои 2006-2010 мебошад. Тибқи барномаи мазкур дар солҳои 2006-2009 дар пойтахт 8 мактаби нав сохта ба истифода дода шуд:

Дар асоси ин барнома муассисаҳои таълимӣ бо 5 ҳазор мизу курсии талабагӣ, 1000 адад кати хоб, 3 адад кабинетҳои ҳозиразамони физика, 6 адад кабинетҳои ҳозиразамони лингафонӣ таъмин карда шудаанд. Тибқи барномаи мазкур бори аввал омӯзиши таҷрибаи мактабу кӯдакистонҳои хориҷи кишвар ба роҳ монда шуд. Мактабу кудакистонҳо дар асоси Барномаи мазкур ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ китобҳои дарсӣ, бадеӣ, илмию методӣ дастрас кардаанд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити фаъолияти кӯдакистонҳо, сифати тарбияву таълими кӯдакони синни томактабӣ ва ба низом даровадани системаи тарбияи томактабӣ аз ҷониби Раёсат «Барномаи рушди муассисаҳои томактабии пойтахт таҳия гашта, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе № 164 аз 11 апрели соли 2008 маъқул дониста шуда, 17 апрели соли 2008 бо Қарори Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе ба қабул карда шудааст, ки амалӣ гардидани он 84 млн. сомониро пешбинӣ менамояд. Раёсати маориф бо кӯмаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон № 502 аз 2 декабри соли 2003 «Оид ба тасдиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Љумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» ва №502 аз 31 декабри соли 2002 «Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии мактабҳои асосӣ ва миёнаи умумии Љумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007» корхои назаррасро ба анҷом расонд. Имрӯз мактабҳо 2115 адад компютер доранд, ки ба як комютер 26 хонанда рост меояд. 85 мактабҳои шаҳри Душанбе ба шабакаи «Интернет» пайваст буда, омӯзгорону шогирдон аз имконияти он барои сайқал додани донишҳои худ истифода мебаранд. Баҳри бехтар намудани таълими фанҳои забонҳои русию англисӣ тибқи Барномаи инкишофи соҳаи маорифи пойтахт дар мактабҳо ҷиҳозонидани синфҳои лингафонӣ оғоз гашта, то ин дам Маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳр, Маркази рушди истеьдодҳо ва мактабҳои №№ 47,71 бо чунин синфхонаҳо таъмин шудаанд.

Ҳамкории мактаб ва ҷомеа

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 140 аз 27 феврали соли 2007 «Дар бораи тақвият бахшидани ҳамкории мактаб ва чомеа» ҳамкории мактабу оила ва умуман ҷомеа ба низом дароварда шудааст, ки дар хубтар гаштани сифати таълиму тарбияи хонандагон аҳамияти калон дорад. Аз ин лиҳоз баҳри тақвияти ҷалби бештари падару модарон ба раванди таълим ва корҳои тарбиявӣ, инчунин ба низом даровардани ҷалбу сарфи маблағҳои ғайрибуҷетӣ, барои фаъолияти мӯътадили муассисаҳои таълимӣ, аҳамияти калон дорад. Дар асоси талаботи ин қарор дар ҳамаи муассисаҳои таълимии пойтахт Иттиҳодияҳои ҷамъиятии падару модарон таъсис гашта, оинномаҳои худро, тахия намуда, онро аз қайди Вазорати адлия гузаронида, дар муассисаҳои бонкӣ ё дар назди хазинадории Раёсати молияи ноҳия суратҳисоби махсуси худро кушодаанд, ки шаффофияти сарфи маблағҳои волидонро таъмин мегардонад.

Ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии моддии кормандон соҳаи маорифи пойтахт  

Аз оғози соли хониши 2005-2006 мутобиқ ба қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе 101 нафар омӯзгорони беҳтарини мактабҳои пойтахт, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мегарданд, ҳар моҳ дар ҳаҷми 70 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд. Инчунин 95 нафар хонандагони аълохони мактабҳои буҷетӣ низ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 40 сомонӣ ҳар моҳ идрорпулӣ мегиранд. Ҳамзамон мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 ноябри соли 2007, № 639 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе» кормандони мактаб-интернатҳои №№ 1, 2, 3, 4, хонаи кӯдакони синни томактабии № 1, Маркази кӯдакон ва наврасон, Маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе аз 1 январи соли 2008 дар ҳаҷми 50 сомонӣ иловапулӣ ба музди меҳнати моҳонашон мегиранд. Ҳамасола хатмкунандагон-барандагони медалҳои тиллову нуқра низ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мукофотпулӣ қадр карда мешаванд. Ду соли хониши охир 11 нафар донишҷӯёни аълохони ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ки истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе мебошанд, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбен дар ҳаҷми 40 сомонӣ ҳар моҳ идрорпулӣ мегиранд. Барои ҳавасмандгардонии хонандагон ба илмомӯзӣ соли дуюм аст, ки дар пойтахт тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе аз 23 июни соли 2006, № 61-6 «Дар бораи таъсиси Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба синфи беҳтарини муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии пойтахт дар соли хониш» озмуни синфи беҳтарин гузаронида мешавад, ки дар он хонандагони синфҳои 8-10 мактабҳо ширкат варзида, байни худ аз рӯи 9 нишондод қувваозмои менамоянд. Синфи ғолиб ва роҳбари синф дар ҳузури кормандони соҳа аз тарафаи Раиси шаҳри Душанбе бо Парчами сайёр ва мукофотпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қадр карда мешаванд. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамасола баҳри муайян намудани беҳтарин омӯзгорону кормандони роҳбарикунандаи соҳаи маорифи пойтахт тибқи низомномаҳои мавҷуда озмунҳои касбии кормандони соҳа: «Муаллими сол», «Мураббии сол», «Директори сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мактаби сол», «Кӯдакистони сол» ва озмунҳои «Талабаи сол», «Синфи беҳтарин» гузаронида шуда, аз тарафи Раиси шаҳр дар Рӯзи пойтахт ҷамъбаст мегардад. Ѓолиби озмуни «Мактаби сол» бо хонаи истиқоматии сеҳуҷрадор сарфароз мегардад. Чунин мукофотро мактабҳои № 15, 21, 24, 28, 53, 88 аллакай соҳиб гардидаанд.

Маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи пойтахт  

Агар маблағгузории соҳаи маориф соли 2006 25 млн. сомонӣ, соли 2007 30 млн. 257 ҳазору 565 сомониро ташкил намуда бошад, соли 2008 барои фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт 44 млн. 886 ҳазору 121 сомонӣ ҷудо шудааст. Барои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2009 74 млн.288 ҳазору 42 сомонӣ ҷудо гардидааст. Илова ба ин дар соли 2009 барои сохтмон ва таъмиру барқарорсозии иншоотҳои соҳаи маориф қариб 43 миллион сомонии дигар ҷудо гардидааст.  

Маълумот оид ба кадрҳои соҳа маориф

Дар шаҳри Душанбе то 20 сентябри соли 2009 6426 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғуланд. Аз ин шумора:
- 5200 нафар бо маълумоти олӣ (80,9 %)
- 675 нафар бо маълумоти олии нопурра(10,5 %)
- 543 нафар бо маълумоти миёнаи махсус (8,4 %)
- 8 нафар (0,1 %) бо маълумоти миёнаи умумӣ
 Дар давоми соли таҳсили 2008-2009 таъминот бо мутахассисон дар мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт чунин буд:
 

 

 

Дар муассисаҳои томактабӣ 839 нафар мураббиҳо фаъолият доранд. Аз инҳо:
 - 39 нафар (40,4 %) дорои маълумоти олӣ
 - 33 нафар дорои маълумоти олии нопурра(3,9%)
 - 356 нафар (42,4%) дорои маълумоти миёнаи махсус
 -111 нафар (13,2 фоиз) дорои маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд.
 - Мутобиқ ба нишондодҳои Барномаи рушди соҳаи маорифи пойтахт 48 нафар кормандони соҳа баҳри омӯзиши таҷрибаи ибратбахш берун аз марзи Тоҷикистон (Федератсияи Россия, Туркия, Чин ва Украина) сафари хизматӣ намуданд.
 -Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба Раёсати маорифи шаҳр соли 2007 3,8 га. замин барои бунёд намудани «Боғи маориф» ҷудо гардида, дар давоми мӯхлати сипаришуда, 1500 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонда шудааст.

Идоракунии соҳаи маорифи пойтахт  

Идоракунии соҳаи маорифи пойтахт дар сатҳи Раёсати маориф, шӯбаҳои маорифи ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ сурат мегирад.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои иҷрои сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифи пойтахт муаззаф аст. Раёсат дорои панҷ шӯъба ва 31 воҳиди корӣ буда, дар хиёбони Рӯдакӣ 18 ҷойгир аст. Дар назди Раёсат муҳосиботи марказонидашуда (9 воҳиди корӣ) амал мекунад, ки фаъолияти молиявии Раёсат ва мактаб-интернатҳоро ба танзим медарорад. Дар Раёсат шӯъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф низ амал мекунад, ки ба ташкили аттестатсия, аккредитатсия ва назорати сифати таҳсилот машғул аст.
Ба сохтори Раёсати маорифи шаҳр муассисаҳои зерин шомил мебошанд:
- мактаб-интернати № 1
- мактаб-интернати № 2
- мактаб-интернати № 3
- мактаб-интернати № 4
- хонаи кӯдакони синни томактабии №1
- гимназияи шаҳрӣ
- гимназияи иқтисодӣ
- литсей барои хонандагони болаёқат
- Маркази такмили ихтисоси муаллимон
- Маркази рушди истеъдодҳо
-Маркази кӯдакон ва наврасон
- Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия
- Кӯдакистони №50
- «Боғи маориф»
Мактаб-интернати № 1 соли 1987 барои кӯдакони ятиму бепарастор таъсис ёфта, ҳоло дар он 521 нафар хонандагон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таълиму тарбия мегиранд. Аз шумораи умумии хонандагон 78 нафар хонандагон падару модар надоранд, 327 нафар ё падар ё модар надоранд ва 116 нафар аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Дар мактаб-интернат 82 нафар (39 омӯзгор, 27 мураббӣ, 16 коргари техникӣ) кормандон ба кори таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Ба хонандагон 4 маротиба хӯрок ва ба кӯдакони ятим либоси мавсимӣ дода мешавад. Бо амри Президенти мамлакат Вазорати корҳои дохилии Љумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Љамъияти масъулияташ маҳдуди «Захира» ва Раёсати андози шаҳри Душанбе сарпараст таъин шудаанд. Мактаб-интернат дорои хобгоҳ, ошхонаи замонавӣ, зали варзишӣ, майдончаҳои таҷрибавӣ мебошад. Дастпарварони мактаб-интернат дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа, тандурустӣ ва фарҳангу маориф кор мекунанд. 4 нафар дастпарварони мактаб-интернат ҳоло пас аз хатми донишгоҳи омӯзгорӣ дар ин муассиса ба сифати омӯзгор кор мекунанд. Аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тамоми кормандони мактаб-интернат ба маблағи 50 сомонӣ иловапулии ҳармоҳа мегиранд.
Мактаб – интернати махсуси № 2 соли 1978 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис ёфтааст ва аз буҷети шаҳри Душанбе пурра маблағгузорӣ мешавад. Дар мактаб-интернати мазкур 96 нафар кӯдакони нӯқсони ҷисмонию рӯҳидошта аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ таълиму тарбия мегиранд. Хонандагон 9 сол хонда маълумоти миёнаи умумии асосӣ мегиранд. Ба хонандагон 9 нафар омӯзгорон, 10 нафар мураббиҳо, 1 нафар духтур, 1 нафар логопед, 1 нафар дефектолог ва 11 нафар кормандони техникӣ таълиму тарбия медиҳанд. Сарпарастони муассиса Бонки «Эсхата» ва Хадамоти назорати давлатӣ ва мубориза бар зиддӣ коррупсия дар шаҳри Душанбе мебошанд. Аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тамоми кормандони мактаб-интернат ба маблағи 50 сомонӣ иловапулии ҳармоҳа мегиранд.
Мактаб-интернати махсуси №3 соли 1978 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис ёфта, ҳоло дар он 101 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Кӯдакони имконияташон маҳдуд, дар баробари таълим, бо ҷойи хоб, 4 вақт хӯроки гарм ва сару либос таъмин карда мешаванд. Тамоми хароҷотҳои мактаб-интернат аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе пардохт карда мешаванд. Аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тамоми кормандони мактаб-интернат ба маблағи 50 сомонӣ иловапулии ҳармоҳа мегиранд.
Мактаб-интернати №4 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе № 137 соли 1998 барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат таъсис ёфтааст. Мактаб-интернат дар кӯчаи Сано-5 воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дар мактаб-интернат 370 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо 20 нафар омӯзгорон, 20 нафар мураббиҳо, 2 нафар духтурон, 21 нафар кормандони техникӣ кор мебаранд. Дар мактаб-интернат хобгоҳ, ошхона, толори фарҳангӣ мавҷуд аст. Бо амри Президенти Љумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ ва бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Хадамоти гумруки шаҳри Душанбе сарпараст тасдиқ шудаанд. Махсусан Вазорати корҳои хориҷии Љумҳурии Тоҷикистон ба мактаб –интернат ёрии моддию маънавӣ мерасонад. Ҳар сол Вазири корҳои хориҷии Љумҳурии Тоҷикистон 3-4 маротиба ба мактаб ташриф оварда, аз таҳсил ва шароити зисти онҳо боздид менамояд ва тибқи дархости кӯдакону омӯзгорон ёрии моддию маънавӣ мерасонад. Синфхонаи таҷҳизонидашудаи компютерии (20 компютер) мактаб бо дастгирии бевоситаи Вазир ташкил шудааст. Мактаб - интернат соҳиби 42 адад компютер аст. Тамоми хароҷотҳои муассиса аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе пардохта мешаванд. Аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тамоми кормандони мактаб-интернат илова ба маоши худ ба маблағи 50 сомонӣ иловапулии ҳармоҳа мегиранд.
Хонаи кӯдакони синни томактабии № 1 соли 1967 таъсис ёфта, дар он кӯдакони аз 3 то 7 сола, ки бесаробон мондаанд, ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Ҳоло дар муассисаи мазкур 105 нафар кӯдакон таълиму тарбия гирифта истодаанд, ки бо онҳо 20 нафар мураббӣ, 21 нафар ёрдамчиёни мураббӣ, 3 нафар логопедҳо, 2 нафар дефектологҳо, 1 нафар психолог кор мебаранд. Муассиса пурра аз буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешавад. Дар хонаи кӯдакони синни томактабии №1 шароитҳои мӯътадил фароҳам оварда шуда, дорои хобгоҳ, толори варзиш, толори фарҳанг, майдончаҳои варзишӣ, боғу гулгаштҳо ва ҳаммому ошхона иборат аст.
 Маркази рушди истеьдодҳоҳои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 444 аз 6 августи соли 2007 таъсис ёфта, дар он 146 нафар хонандагон - ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи мактаббачагон ва хонандагони лаёқатманди хоҳишманд тариқи ройгон ( 94 нафар) ва шартнома (52 нафар) таҳсили иловагӣ доранд.
Гимназияи иқтисодӣ бо Қарори Раиси шахри Душанбе № 4 аз 7 январи соли 2008, таъсис ёфтааст. Дар он 500 нафар хонандагон дар асоси шартнома таҳсил мекунанд.
Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи шари Дашанбе муассисаи навтаъсис буда, баҳри мақсаднок истифода бурдани тенологияи информатсионӣ ва шабакаи «Интернет», таъмиру нигоҳдории компютерҳои мавҷуда бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 майи соли 2008, № 243 таъсис ёфтааст.

Маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе
 

Марказ бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 100 аз 30 августи соли 2000 таъсис дода шудааст, ҳамасола зиёда аз 1000 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, сатҳи дониш ва маҳорати касбии худро сайқал медиҳанд. Инчунин Маркази мазкур дар ташилу баргузории семинару конференсияҳои илмию амалӣ, ҳисоботҳои эҷодии омӯзгорон ва коллективҳои меҳнатии муассисаҳои таълимии алоҳида, аттестатсияи кормандони соҳа, саҳми арзанда дорад.


Новости Жарко в доме? Покупайте кондиционеры midea в Allo.ua по смешным ценам. . Экономная имплантация зубов для молодежи.