Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Соҳаи иҷтимоӣ / Тандурустӣ
Бахшҳои сайт
Мо дар Интернет

Ҷустуҷӯ дар сайт
Тандурустӣ

Фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳр, беҳтар намудани кори муассисаҳои табобатию профилактикӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, дастрас намудани таҷҳизоти ҳозаразамони тиббӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола равона карда шудааст.

Дар шаҳри Душанбе 62 муассисаҳои табобатию профилактикии зертобеъи Раёсати тандурустӣ ва 42 муассисаҳои табобатию профилактикии зертобеъи Вазорати тандурустии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.

Аз 62 муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе 17-тояш Беморхонаҳо, 2-тояш Хонаи кӯдакон, 14-тояш Марказҳои саломатӣ, 5-тояш Дармонгоҳҳои дандонпизишкӣ, 8-тояш Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дезстансияҳо, 12-тояш Марказҳои соҳавӣ ва 4-тояшро Марказҳои ёрирасон ташкил мекунанд.

Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе аз тарафи 39 муассиса расонида мешавад (Марказҳои саломатӣ, Дармонгоҳҳои дандонпизишкӣ, Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дезстансияҳо, Марказҳои соҳавӣ).

Хадамоти бистарикунонӣ аз 17 Беморхонаҳо ва 2 Хонаи кӯдакон иборат мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар сохтори Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ вуҷуд дорад, ки вай ҳам кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонад.
 

Рӯйхати муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе


Новости Уничтожитель бумаги ламинатор Рекламное оборудование. . Вилла "Хижина СПА": отдых в Трускавце, отель.