«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Бахшҳои сайт
Мо дар Интернет

Ҷустуҷӯ дар сайт
Нақлиёт

Дар шаҳри Душанбе ба сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ («Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус») ва 10 ҷамъияти шаклҳои гуногун тибқи шартнома бо ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсӣ, ки иҷозатномаи мусофиркашонӣ доранд, хизмат мерасонанд.

Дар маҷмӯъ ҳамарӯза 1464 адад воситаҳои нақлиёт, аз он ҷумла 302 адад автобус, 92 адад троллейбус, 210 адад микроавтобус ва 860 адад воситаҳои нақлиёти дорои то 7 ҷои нишаст дар 68 хатсайр дар хизмати мусофирон қарор доранд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт шаҳрдорӣ ҳамасола барои хариди воситаҳои нақлиёти мусофирбару коммуналӣ, хариди қисмҳои эҳтиётию ноқилҳои троллейбусгард ва таъмири роҳҳо аз буҷаи шаҳр маблағҳои калон ҷудо менамояд. Дар аввали соли 2009 150 адад автобусҳои тамғаи ПАЗ-32054 ва 60 адад троллейбус аз Федератсияи Россия харидорӣ шудааст, ки ин воситаҳои нақлиёт имрӯзҳо дар хатсайрҳо ба мардум хизмат расонида истодаанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола миқдори воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе зиёд шуда, ин афзоиш давом ёфта истодааст. Аз меъёр зиёд шудани миқдори воситаҳои нақлиёт ба он оварда расонида истодааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиддатнокии ҳаракат баланд шуда, ба бехатарии ҳаракат ва вазъи экологии пойтахт таъсири манфии худро расонида истодааст.

Бо мақсади мӯътадил сохтани шиддатнокии ҳаракати нақлиёт, таъмини бехатарӣ (аз он ҷумла экологӣ), ҳифзи манфиатҳои мусофирон ва истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва танзими хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №39 аз 05.02.2009 «Дар бораи танзими ҳаракати бехатарии нақлиёти автомобилии мусофиркаш ва танзими онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид.

Инчунин, бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №374 аз 23.07.2209 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда» қабул гардид, ки минбаъд ҳаракати нақлиётҳои аз дигар минтақаҳо ба пойтахт то терминаҳои тибқи ин Қарор муайянгардида, сурат мегирад. Тибқи ин Қарор шаҳрдорӣ иқдом гирифта истодааст, ки оянда дар асоси нақшаи кулли шаҳри Душанбе дар 4 самти даромадгоҳҳои шаҳр бунёди терминалҳои замонавии мусофиркашонии ҷавобгӯи стандартҳоро бунёд намояд.

Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе

Директор: Ҳамидов Раҳматулло
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рудаки, 140
Тел: 224-37-59, 224-34-93

Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №42 аз 19.01.соли 2007 «Дар бораи Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе» таъсис дода шуда, максадҳои асосии фаъолияти Муассиса ин танзими бонизоми фаъолияти нақлиёти дохилишаҳрӣ, пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо хизматрасонии наклиётӣ, ҳифз намудани манфиатҳои мусофирон ва интиқолдиҳандагон, муҳайё намудани шароити якхела барои рақобати озод байни интиқолдиҳандагон новобаста ба шакли моликият, назорати диспетчерии фаъолияти нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ новобаста аз шакли моликият мебошад.

Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»

Директор: Саидов Фирдавс Ҳамроқулович
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная, 5
Тел: 236-14-23, 236-14-03, 221-98-03

Дар мувозинаи корхона 310 адад автобус мавҷуд аст, аз он ҷумла:
-35 адад автобусҳои тамғаи «Икарус-280.33»;
-198 адад автобусҳои тамғаи «ЛиАЗ-5256»;
-75 адад автобусҳои тамғаи «ПАЗ-3205».

Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2»

Директор: Ёрова Зулфия
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Ганҷавӣ, 5
Тел: 250-08-49, 250-09-44
 
Дар мувозинаи корхона 115 адад автобус мавҷуд аст, аз он ҷумла:
-35 адад автобусҳои тамғаи «ПАЗ-32054»;
-49 адад автобусҳои тамғаи «Кинг Лонг-6750»;
-14 адад автобусҳои тамғаи «Тайху6751»;
-9 адад автобусҳои тамғаи «Тата-613»;
-6 адад автобусҳои тамғаи «SR697OT»;
-2 адад автобусҳои тамғаи «DD6101HSA».

Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-3»

Директор: Ҷалилов Раҷабалӣ
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 66
Тел: 225-45-67

Дар мувозинаи корхона 140 адад воситаҳои нақлиёт мавҷуд аст, аз он ҷумла:
-100 адад микроавтобусҳои тамғаи «ГАЗ-322132»;
-40 адад автобусҳои тамғаи «ПАЗ-32054».

Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»

Директор: Гулов Тоҳир
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиев, 262
Тел: 701-95-30, 701-95-31, 701-95-32

Дар мувозинаи корхона 164 адад троллейбус мавҷуд аст, аз он ҷумла:
-4 адад троллейбуси тамғаи «Тролза-526401»;
-160 адад троллейбуси тамғаи «ЗИУ-682Г-012»;

Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Калонаи автомобилии 2927»

Директор: Хизиров Қурбон
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев, 149
Тел: 227-61-31, 223-16-52

Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Сайёр-1»

Директор: Ибрагимов Давлатшо
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев, 389А
Тел: 444-60-87

Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Икарус»

Директор: Одинаев Амрулло
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Матросов, 33
Тел: 441-38-47

Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Нақлиёт»

Директор: Саторов Ёқуб
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов, 29/1

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шоҳрохи Бадахшон»

Директор: Хизиров Қурбон
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев, 149
Тел: 227-61-31, 223-16-52

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маҳин»

Директор: Мирзоев Ҷӯрахон
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ,64
Тел: 224-48-10

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Азия-97»

Директор: Амиров З.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 100

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Престиж-2004»

Директор: Саъдиев Хуршед
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 205

Ассосиатсияи ҳамлу нақл дар нақлиёти автомобилӣ ва обии «Роҳи дурахшон»

Директор: Қараев Пӯлод
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар, 35/1

Сохторҳои назоратии давлатӣ дар нақлиёт

Бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таъмин карда мешавад.
Сардор: Турахонов

Назорати давлатӣ аз тарафи Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе таъмин карда мешавад.
Сардор: Ҳакимов Файзимад
Тел: 235-89-75


Новости метизы крепеж оптом