Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / ЛОИҲАИ ИНОВАТСИОНИИ «МО МЕТАВОНЕМ!»
Бахшҳои сайт
Мо дар Интернет

Ҷустуҷӯ дар сайт
ЛОИҲАИ ИНОВАТСИОНИИ «МО МЕТАВОНЕМ!»


лоиҳаи муштараки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет”

www.mometavonem.tj

Ҳадафи лоиҳа:

Баҳри баланд бардоштани масъулияти роҳбарони субъектҳои хизматрасон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бобати тақвияти кор бо муроҷиати шаҳрвандон, бақайдгирӣ ва назорати электронии бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ ташаккул ва татбиқи заминаи технологӣ.

Иродаи сиёсӣ:

 

  • Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон». Фармони Президенти ҶТ таҳти №1174 аз 5 ноябри соли 2003.
  • Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 “Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ”.
  • Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 529 аз 21 декабри соли 2011 «Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №550 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015».
  • Ҳамкории ҷонибҳои ҳавасманд дар татбиқи ин санадҳои муҳим.

Заминаи фараҳбахш:

 

  • Таҷрибаи бобарори Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи технологияҳои интернетӣ дар фаъолияти худ (http://www.dushanbe.tj ).
  • Шабакаи густурдаи замонавии рақобатпазири бозори ТИК дар пойтахт.

Вазифаҳои лоиҳа:

 

  • Рушди элементҳои ҳукумати электронӣ дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе.
  • Алоқаи пурсамар миёни шаҳрнишинон ва хоҷагиҳои хизматрасонӣ тавассути ТИК.
  • Ҳамкории шаҳрдориву шаҳрнишинон дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо.
  • Ҳисоботҳои дақиқ бо истифода аз имконоти ТИК ва таҳлили онҳо барои қабули қарорҳо.
  • Таҳкими ҳамкории ҷонибҳои ҳавасманд дар татбиқи ТИК барои Рушд.

Дурнамои Лоиҳа:

 

Татбиқи муттасили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1174 аз 5 ноябри соли 2003 “Дар бораи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 “Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ”, Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 529 аз 21 декабри соли 2011 «Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №550 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015» ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти роҳбарони субъектҳои хизматрасон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки бобати тақвияти кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар асоси технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тарҳрезигардида, бақайдгирӣ ва назорати электронии бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишинї дар реҷаи мустақим (“On-Line”) дастёбї ба риояи «Маромномаи сокини пойтахт», Ќоидаҳои тартиботи љамъиятї, ободонї ва санитарї дар шањри Душанбе (бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 тасдиқ шудааст), рушди институтсионалии љомеаи шањрвандї дар пойтахт.

Таъмини эътимоднокии Лоиҳа 

 

         Ҷиҳати пурсамар амалӣ намудани лоиҳаи мазкур мутобиқ ба ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 529 аз 21 декабри соли 2011 таҷҳизонидани утоқҳои навбатдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва мақомоту сохторҳои дахлдори шаҳрӣ бо таҷҳизотҳои муосири ТИК барои дастрасии шаҳрвандон ҷиҳати муроҷиат намудан бо истифода аз тамоми намуди коммуникатсия (телефонӣ, смс-паёмак, электронӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Таркиби технологии лоиҳаи «Мо метавонем!» 

 

         Сомонаи шаҳрдорӣ

         Барномаи амалӣ

         Харитаи электронии шаҳри Душанбе

         Инфрасохтори мавҷуда

 

Хизматрасониҳои мавҷуда дар барномаи электронии  «Мо метавонем!» 

        Таъмини об

 

        Қатъ гардидани интиқоли об

        Садама дар қубурҳои обтаъминкунӣ

        Садама дар қубурҳои корезӣ

 

        Таъмини гармӣ

 

        Қатъ гардидани интиқоли гармӣ

        Садама дар қубурҳои гармитаъминкунӣ

        Таъмини газ

 

        Қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ

        Садама дар системаи газтаъминкунӣ

        Таъмини барқ

 

        Қатъ гардидани интиқоли барқ

        Равшании кӯчаву хиёбонҳои шаҳр

        Садама дар хатҳо ва трансформаторҳои барқӣ

        Ҳолати санитарию тозагии шаҳр

 

        Тозагии кӯчаву роҳравҳо

        Ҳолати ҷуйбору каналҳо

        Ҳолати партовгоҳҳо

        Ҳолати таҳхонаҳо

        Ҳайвонҳои дайду

        Ҳолати роҳҳо

        Буридани дарахтҳо 

        Сифати кори нақлиёти мусофирбар

 


 


Новости