Тоҷикӣ

МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ISI JUNIOR-2022" ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

06 Июли 2022, Чоршанбе

06.07.2022. ш. Душанбе. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Кохи Суруш Маросими ҷамъбасти Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни Олимпиадаи байналмилалӣ ширкат намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» (АйЭсАй Ҷуниор - 2022) оид ба технологияҳои информатсионӣ бори авва ласт, ки дар Тоҷикистон рӯзҳои 1 то 7 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” баргузор мегардад. Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” муассисаи таҳсилоти иловагие мебошад, ки яке аз ҳадафҳои аоссии фаъолияти он ин дарёфту рушди истеъдоди хонандагон ва ташкилу баргузории олимпиадаву озмунҳои зеҳнӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» (АйЭсАй Ҷуниор - 2022) оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби дигар кишварҳо ҳамовозии амиқ пайдо намуда, дар он 27 дастаи олимпии наврасон бо иштироки 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Ҳамзамон, наврасони кишварҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ дар кори он ширкат варзиданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хусусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷараёни ташкил ва баргузории олимпиадаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дар сатҳи баланд доир шудани он тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд.
Инчунин, дар давоми баргузории Олимпиада аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ барои роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ва масъулини баргузории олимпиадаҳои фаннӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он семинару тренингҳои омӯзишӣ доир карда шуд.

Илова кунед