НИШАСТҲОИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ШОҲМАНСУР ВА ФИРДАВСИИ ПОЙТАХТ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД
20 Июли 2022, Чоршанбе
ш.Душанбе. 20.07.2022. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти соҳаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия барои нимсолаи якуми соли 2022 доир гардид. Барои таъмини иҷрои босифат, самаранок ва саривақтии вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021 зикр гардидаанд, ҷадвали баргузории вохӯриҳои масъулини мақомот оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии Пешвои миллат Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар хусуси қоидаҳои шаҳрнишинӣ, фарҳангӣ либоспушии бегона, гаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву тундрав, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи нақшаи корӣ беш аз 75 мулоқоту вохӯриҳо гузарнида шудааст. Таъкид гардид зимни нишасти хабарии роҳбарияти ноҳияи Шоҳмансур бо намояндагони Васоити Ахбори Омма. Гуфта шуд, ки корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳия бо дарназардошти сектори ғайринавбатӣ дар ҳаҷми 247 миллион сомонӣ маҳсулоти саноати истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 205,6 миллион сомонӣ яъне ба маблағи 41 миллион сомони зиёд ё 11 фоиз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Имрӯз ба соҳибкори, ки омили асосии пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, дар ноҳия диқату эътибори ҳаматарафа дода мешавад. Дар давраи ҳисоботи 5 ҳазору 134 нафар соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст. Боиси қайд аст, ки айни замон дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур 12 541 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд, ки дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ барои пардохт намудани нафақаи онҳо аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 33 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, равона гардид. Таъкид рафт, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон нардидани солҳои 2019-2021 дар ноҳия 18 марказҳои касбомӯзӣ, аз ҷумла «Маркази омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ ва адрасбофӣ», «Маркази омӯзиши қолинбофӣ ва попурзани» «Сехи кафшергарӣ» ва дигар марказҳои омӯзишии ҳунарманди бо ҷалби соҳибкорон ва ҳунармандон фаъолият карда истодааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2022 дар ноҳияи Фирдавсӣ 138 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, ба маблағи 99,4 млн. сомонӣ фоида ба даст овардаанд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,6 фоиз ё ин ки ба маблағи 2,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад- иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ. Дар идома дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорор баррасӣ гардид. Мувофиқи иттилои роҳбарияти ноҳия дар ин давра корхонаҳои саноатии н.Фирдавсӣ ба маблағи 2,4 млн. доллари амрикоӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба хориҷи кишвар содирот намудаанд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба аблағи 4,0 млн. доллари амрикоӣ кам мебошад. Дар идома зимни баромади роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 71,3 млн.сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шудааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида ба маблағи 36, 6 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳудуди ноҳия васеъ гардида, аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба ин ноҳияи шаҳр замин ва бинову иншоот ворид гардидааст. Дар самти ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани он корҳои зарурӣ идома дорад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон ба ин масъала низ таваҷҷуҳ намуданд. Инчунин зимни баромад гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии н.Фирдавсӣ дар ин давра ба андозаи 100,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 115,7 млн. сомонии нақшаи аниқшуда ба буҷети маҳалӣ маблағи 116.6 млн. сомонӣ ворид гардид.