ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №395 АЗ 01.08.2022
Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ бо дарназардошти фарорасии соли хониши солҳои 2022–2023, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Аз 1 то 31 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ тибқи замима дар ҷойҳои муайяншуда ба роҳ монда шавад.
2. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони соҳа ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи истеъмолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаи мазкур таъмин намоянд.
3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ҷиҳати ташкили ғуфраҳои ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб дар назди Маркази савдои «Панҷшер» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисӯхтор, санитарӣ– эпидемиологӣ ва мунтазами барқро таъмин намоянд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкур, эълони нуқтаҳои муайянгардидаро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ