Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО МЭРИЛИН ЙОСЕФСОН

25 Августи 2022, Панҷшанбе

25.08.2022. ш.Душанбе. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсонро бинобар анҷоми ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ шуд.
Зимни мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои мубрами минитақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми хонум Мэрилин Йосефсонро дар рушду тавсеаи муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои кумакҳои ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19, инчунин барои ҷонибдории Иттиҳод аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои муҳими муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, зарурати истифодаи имконоти васеи ҷонибҳоро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, инфрасохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот бо таваҷҷуҳ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Илова кунед