Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №497 АЗ 21.09.2022

21 Сентябри 2022, Чоршанбе

Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти «Азнавсозии хиёбони Рӯдакӣ (аз канали дериватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ.Шерозӣ)», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

                                                          ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Бо инобати анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Нодира то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз 21 сентябри соли соли 2022 то 31 декабри соли 2022 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад.
  2. Вобаста ба муқаррароти банди 1 қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамот-расон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки дар хиёбони Рӯдакӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Нодира то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ.Шерозӣ мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан тағйироти дахлдор ворид намоянд.
  3. Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба тағйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
  4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад. 
  5. Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда ҷораҳои зарурӣ андешад.
  6. Роҳбарони идора, ташкилот, муассиса, корхона ва субъектҳои хоҳагидорие, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вазифадор карда шаванд, ки бобати ҳалли масъалаҳои марбут ба хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба пудратчӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Идеал сервис» ҳамаҷониба ҳамкорӣ намоянд.
  7. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шањри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи нақлиёт гузошта шавад.

                                                                             Рустами Эмомалӣ

Илова кунед