ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №522 АЗ 05.10.2022
Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Худҷореъ», «Фишорӣ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон»
Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 майи соли 2022, №220 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии «Худҷореъ», «Кофарниҳон», «Фишорӣ» ва «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.
2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизотҳо интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтозакунии:
а) «Худҷореъ»:
-ноҳияи И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;
-ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон - 1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;
-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон - 1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;
-ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 23-00 рӯзи 12 октябри соли 2022 то соати 24-00 рӯзи 13 октябри соли 2022 қатъ мегардад.
б) «Кофарниҳон»:
-ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дустӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддин;
-ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро - 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқи, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то бинои КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб аз соати 23-00 рӯзи 19 октябри соли 2022 то соати 24-00 рӯзи 20 октябри соли 2022 қатъ мегардад.
в) «Фишорӣ»:
-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии
«Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон;
-ноҳияи И.Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шоҳтемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон аз соати 23-00 рӯзи 25 октябри соли 2022 то соати 24-00 рӯзи 26 октябри соли 2022 қатъ мегардад.
г) «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»:
-ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 42, 43, 46, 62, 64 ва 65, маҳаллаҳои Сомон ва Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад, Фирдавсӣ ва Н.Қарабоев аз 34 то 86/3;
-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, шаҳракҳои 32, 33, 52, 53 ва 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамї, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ ва шаҳраки Севостопол аз соати 23:00 рӯзи 02 ноябри соли 2022 то соати 24:00 рӯзи 03 ноябри соли 2022 қатъ мегардад.
3. Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.
4. Раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ тањти назорат қарор диҳад.
6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ