РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ИШТИРОК ДАР ИДИ ХАРБУЗАЮ ТАРБУЗ ВА АСАЛ ДАР "БОЗОРИ МЕҲРГОН"

07 Сентябри 2019, Шанбе

ш.Душанбе. 07.09.2019.  Имрӯз бахшида ба  28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Бозори Меҳргон»-и пойтахт  бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди харбузаю тарбуз ва асал  доир гардид.   

Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзони  вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисору  Турсунзода  навъҳои гуногуни харбузаву тарбуз ва  маҳсулоти аз он  омодагардидаро  ба намоишу фурӯш гузоштанд.  Ба иштирокдорони  намоиш навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширинпучоқ», «шакарпалак», «шакарпора» писанд омад ва онҳо имкон доштанд,  ин харбузаҳоро  бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Хоҷагидорон бо беҳтарин навъҳои харбуза ва тарбуз манораҳои бузургро ба шакли пирамида бунёд намуданд,  ки ба намоишгоҳ шукӯҳ ва азамати дигар бахшид.

Зимни шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ташкили намоишгоҳи фурӯши харбуза  ва тарбуз баҳои баланд доданд.              

Иқдоми мазкур бо мақсади ғанӣ гардронидани дастархони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда,  дар он зиёда аз 40 хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои мамалкат фаъолона иштирок карданд ва беҳтарин навъҳои харбуза ва тарбузро ба намоиш гузоштанд.


Дар ҷараёни боздид Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини соҳа дастур доданд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ташкил намудани чунин чорабиниҳо минбаъд низ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар доираи ин чорабинии муҳими кишоварзӣ гӯшаҳои алоҳидаи маслиҳати мутахассисон ташкил карда шуд, ки ба намояндагони хоҷагиҳо оид ба агротехникаи дурусти парвариши тарбузу харбуза тавсияҳо дода шуданд.

Дар рафти боздид аз намоиш - фурӯши тарбузу харбуза Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити хизматрасонии  Муассисаи давлатии "Бозори Меҳргон" ба соҳибкорону харидорон бевосита аз наздик шинос шуданд.

Аснои шиносоӣ ба масъулин дастур доданд, ки барои ба эътидол овардани  нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бахсус орд  дар муддати ду рӯз тадбирҳори муҳимро роҳандозӣ намоянд.  
Ҳамчунин вобаста ба ташкили павилионҳои замонавии нигоҳдории маҳсулоти зудвайроншаванда, махсусан гӯшт дар яхдонҳо,  ҳолати санитарии бозор, ба танзим даровардани нарху навои маводи ғизоӣ ва назорати қатъӣ дар самти савдои кӯчагии маҳсулот роҳбарияти бозор ва масъулини  соҳаҳои дахлдор вазифадор гардиданд.

Раиси шаҳр аснои  шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонии "Бозори Меҳргон" бо фурӯшандагон ва  кормандони он сӯҳбати озоду самимӣ намуданд.

"Бозори Меҳргон"  дорои шароити мусоиди кору хизматрасонӣ мебошад, ки ҳамарӯза аз он садҳо меҳмонону сокинони пойтахт дидан намуда,  маводи мавриди ниёзи аввалро харидорӣ менамоянд.

Бо дастгирии роҳбарияти шаҳри Душанбе масъулони бозор азм доранд, ки барои фурӯшандагон боз ҳам шароити муосирро муҳайё намоянд.

Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. 

Илова кунед