ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №611 АЗ 14.11.2022
Дар бораи таъсиси ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ
Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» ва амалӣ намудани «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2022, №106 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шавад.
- Низомнома, ҳайати комиссияи ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ ва маблағи таъсиси ҷоизаҳои мазкур тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози амалигардонии ҷоизаҳои Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ муқаррар карда шавад.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе пардохти маблағи ҷоизаҳои мазкурро аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар солҳои 2022-2026» ва минбаъд дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба инобат гирад.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рузномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ