ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №49 АЗ 09.02.2023
Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади дар сатҳи балан таҷлил намудани Рӯзи Модар арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон, дастгириву қадрдонии занону бонувон, инчунин иҷрои банди 79 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022, №719 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Модар тибқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намоянд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ