МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ: ПОЙГАИ АСПДАВОНӢ

14 Сентябри 2019, Шанбе

ш.Душанбе. 14.09.2019.  Имрӯз бахшида ба ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт бо иштироки 49 сар аспҳои зоти тоҷикӣ ва англисии синну солашон аз 2 то 4 сола дар масофаи аз 1000 то 2000 метр дар 8 марҳила мусобиқаи кушоди варзишӣ - пойгаи аспдавонӣ баргузор гардид.

          Дар марҳилаи якум 8 сар аспҳои 2-солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1200 метр миёни ҳам сабқат намуда, асп бо рақами 3, рангаш ҷеран, лақабаш "Разгром" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Сатторов Анушервон бо натиҷаи 1 дақиқаву 23 сония ҷойи якум, асп бо рақами 5, рангаш туруқ, лақабаш "Глафком" аз ноҳияи Ховалинг, чобуксавораш  Сатторов Хуршед бо натиҷаи 1 дақиқаву 24  сония мақоми дуюм ва асп бо рақами 1, рангаш туруқ, лақабаш "Радана" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Сӯфиев Шодрӯз бо натиҷаи 1 дақиқаву 25 сония сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолиби ҷойи якум бо маблағи 1700 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 1200 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

          Дар марҳилаи дуюм 6 сар аспҳои 3-солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1200 метр миёни ҳам сабқат намуда, асп бо рақами 1, рангаш туруқ, лақабаш "Красавчик" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш  Сӯфиев Шодрӯз бо натиҷаи 1 дақиқаву 22 сония ҷойи якум, асп бо рақами 6, рангаш туруқ, лақабаш "Подарок" аз шаҳри Душанбе,  чобуксавораш Манучеҳри Шарофиддин бо натиҷаи 1  дақиқаву 23 сония ҷойи дуюм ва асп бо рақами 3, рангаш туруқ, лақабаш "Талисман" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Ятимов Шоҳрух бо натиҷаи 1 дақиқаву 24 сония соҳиби ҷойи сеюм  гардиданд. Ғолиби ҷойи якум бо маблағи 1700 сомонӣ, ҷойи дуюм бо маблағи 1500 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 1200 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

          Дар марҳилаи сеюм 4 сар аспҳои зоти ахалтекинӣ дар масофаи 1200 метр миёни ҳам сабқат намуда, асп бо рақами 3, рангаш туруқ, лақабаш "Тайгер" аз ноҳияи Фархор, чобуксавораш  Ҷумаев Азамат бо натиҷаи 1 дақиқаву 26 сония сазовори ҷойи якум, асп бо рақами 2, рангаш саманд, лақабаш  "Сарбаланд" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Сӯфиев Шодрӯз бо натиҷаи 1 дақиқаву 27 сония ҷойи дуюм ва асп бо рақами 1, рангаш саманд, лақабаш  "Самарқанд" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Саломов Фирдавс бо натиҷаи 1 дақиқаву 28 сония соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ғолиби ҷойи якум бо маблағи 1700 сомонӣ, ҷойи дуюм бо маблағи 1500 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 1200 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

          Дар марҳилаи чорум 5 сар аспҳои зоти омехта дар масофаи 1200 метр миёни ҳам сабқат намуда, асп бо рақами 1, рангаш туруқ, лақабаш "Гамбит" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Зайниддинов Ориф бо натиҷаи 1 дақиқаву 27 сония сазовори ҷойи якум, асп бо рақами 3, рангаш сиёҳ, лақабаш "Рахш" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш  Ҷумаев Азамат бо натиҷаи 1 дақиқаву 31 сония ҷойи дуюм  ва асп бо рақами 3 рангаш туруқ, лақабаш "Виёл" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Ашӯров Ҷамол бо натиҷаи 1 дақиқаву 35 сония   соҳиби ҷойи сеюм  гардиданд. Ғолиби ҷойи якум бо маблағи 1700 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 1200 сомонӣ аз ҷониби Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

        Дар марҳилаи панҷум 6 сар аспҳои зоти омехта дар масофаи 1200 метр миёни ҳам сабқат намуда, асп бо рақами 2, рангаш туруқ, лақабаш "Бомдод" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш  Саломов Фирдавс бо натиҷаи 1 дақиқаву 19 сония ҷойи якум, асп бо рақами 4, рангаш туруқ, лақабаш "Дарбор" аз ноҳияи Ховалинг, чобуксавораш Муродов Азиз бо натиҷаи 1 дақиқаву 23 сония ҷойи дуюм ва асп бо рақами 5, рангаш Туруқ, лақабаш "Гелаз" аз ноҳияи Ховалинг, чобуксавораш Мирзоев Акбар бо натиҷаи 1 дақиқаву 24 сония ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ғолиби ҷойи якум бо маблағи 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1800 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 1500 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

          Дар марҳилаи шашум 7 сар аспҳои 4-солаи зоти англисӣ дар масофаи 1800 метр миёни ҳам сабқат намуда, асп бо рақами 1, рангаш туруқ, лақабаш "Паймон" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш  Саломов Фирдавс бо натиҷаи 1 дақиқаву 52 сония соҳиби ҷойи якум, асп бо рақами 5, рангаш туруқ, лақабаш "Флюарӣ" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Ҳамизов Казбек бо натиҷаи 1 дақиқаву 53 сония ҷойи дуюм ва асп бо рақами 2, рангаш ҷеранг, лақабаш "Дӯстӣ" аз шаҳри  Душанбе, чобуксавораш Ҷумъаев Азамат бо натиҷаи 1 дақиқаву 55 сония  сазовори ҷойи сеюм  гардиданд. Ғолиби ҷойи якум бо маблағи 2500 сомонӣ, ҷойи дуюм 2200 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 2000 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳавасманд шуданд.

        Дар марҳилаи ҳафтум 5 сар аспҳои 4-солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1800 метр миёни ҳам сабқат намуда, асп бо рақами 1, рангаш ҷеран, лақабаш "Энергетик" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Саломов Фирдавс бо натиҷаи 2 дақиқаву 6 сония ҷойи якум, асп бо рақами 3, рангаш ҷеран, лақабаш "Приз" аз ноҳияи Файзобод, чобуксавораш Ятимов Шоҳрух бо натиҷаи 2 дақиқаву 8 сония ҷойи дуюм ва асп  бо рақами 2, рангаш туруқ, лақабаш "Гандикап" аз ноҳияи Ховалинг, чобуксавораш Сатторов Садрддин бо натиҷаи 2 дақиқаву 9 сония ҷойи сеюмро ишғол карданд. Ғолиби ҷойи якум бо маблағи 2500 сомонӣ, ҷойи дуюм 2200 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 2000 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

        Дар марҳилаи ҳаштум 7 сар аспҳои 4-солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1800 метр миёни ҳам сабқат намуда, асп бо рақами 4, рангаш ҷеран, лақабаш "Ватан" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш Ҳамизов Казбек бо натиҷаи 1 дақиқаву 54 сония сазовори ҷойи якум, асп бо рақами 1, рангаш ҷеран, лақабаш "Шарқ" аз шаҳри Душанбе, чобуксавораш  Саломов Фирдавс бо натиҷаи 1 дақиқаву 55 сония ҷойи дуюм ва асп бо рақами 2, рангаш туруқ, лақабаш "Ваксайт" аз шаҳри Душанбе,  чобуксавораш Ҳамроқулов Аслам бо натиҷаи 1 дақиқаву 59 сония ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардиданд. Ғолиби ҷойи якум бо маблағи 2500  сомонӣ, ҷойи дуюм 2200 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 2000 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

 

Илова кунед