ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №82 АЗ 28.02.2023
Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-331 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, инчунин, рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ :
1. Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар шаҳри Душанбе тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-331 тасдиқ гардидааст, баргузор карда шавад.
2. Ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “ПаёмиДушанбе” барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур ва баҳри ҷалби бештари дӯстдорони омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чораҷӯӣ намоянд.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда барои соҳаи маориф 2 874 960 (ду миллиону ҳашсаду ҳафтоду чор ҳазору нуҳ саду шаст) сомонӣ дар соли 2023 ба таври нақд ҷудо намояд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории озмунро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ