ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №127 АЗ 10.03.2023
Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм»
Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Дар соли 2023 байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла њунарҳост илм» ташкил ва баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва харҷномаи озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла њунарҳост илм» тадбирҳои амалӣ андешанд.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» маблағи 417 010 (чорсаду ҳабдаҳ ҳазору даҳ) сомониро ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни амалишавии онро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ