ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилгард, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки баҳри татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгарди кӯчаи А.Қаҳҳоров (аз хиёбони С.Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ) маҳдудиятҳо ворид карда мешавад.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки бо дарназардошти муваққатан маҳдудият ҷой доштан дар қисматҳои алоҳидаи роҳи автомобилгарди кӯчаи А.Қаҳҳоров талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.