ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №187 АЗ 12.04.2023
Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ
Бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ, мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Рӯйхати барандагони ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ дар соли 2023 мутобиқи протоколи Комиссияи озмун, ки аз 10 апрели соли 2023, №1 муайян шудааст, тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.
2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе пардохти маблағи ҷоизаҳои мазкурро дар соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар солҳои 2022-2026» таъмин намояд.
3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома ва маблағҳои ҷоиза сарфароз гардонидани ғолибон чораандешӣ намоянд.
4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ