ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ КОРХОНАИ ТАҶҲИЗОТИ БАРҚӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

17 Сентябри 2019, Сешанбе

17.09.2019 11:59, шаҳри Душанбе. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.

Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад.

Роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж» ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои ширкат ва таҳвили лизингии дастгоҳу таҷҳизот корхонаи муосири саноатиро дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода диҳанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки дар корхона асосан истеҳсоли дастгоҳҳои идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, лавҳаҳои ҳимояи релеӣ ва автоматикӣ, дастгоҳҳои тақсимотии баландшиддати 6,10 ва 20 киловолта, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояҳои оҳании гуногун барои низоми равшандиҳии хиёбону гулгаштҳо, равоқпояҳои зеристгоҳҳои барқӣ, пояҳои оҳании хатҳои интиқоли нерӯи барқ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва хати истеҳсолӣ оид ба руҳандуд намудани ҳамагуна конструксияҳои оҳанӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 1000 дастгоҳи идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, 500 адад дастгоҳи тақсимотии баландшиддати 6, 10 ва 20 киловолта ва беш аз 200 адад истгоҳи мукаммали трансформаториро ташкил дода, бунёди иншоот иқдоми муҳим дар самти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар дохили кишвар ва бад-ин васила таъмини боэътимоди соҳаҳои гуногуни мамлакат бо нерӯи барқ мебошад.

Барои истеҳсоли маҳсулот дар корхона дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла қолибгарӣ, қаткунӣ, кафшергарӣ, рандакорӣ, харротӣ, рангуборкунии хока, ваннаҳо барои руҳандуд ва дастгоҳҳои коркарди конструксияҳои оҳану тахтасим аз корхонаҳои бонуфузи Аврупо, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо реҷаи ададӣ барномасозӣ гардидаанд, ворид ва васлу насб карда мешаванд.

Муҳлати бунёди ин корхонаи замонавӣ дар пойтахти мамлакат ду сол пешбинӣ гардидааст ва он дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи саноатӣ зиёда 200 нафар бо кори муваққатӣ ва баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 200 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Аснои шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки сокинон баъди омӯзиши раванди истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолкунанда ба кор фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин дар нақша аст, ки дар назди корхона курсҳои бозомӯзии мутахассисон ташкил карда шавад ва барои танзими лавҳаҳои электронӣ, ки таваҷҷуҳи хосаро талаб менамояд, 30 дарсади кормандон аз ҳисоби занон ба кор ҷалб мегарданд.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани корхона, ки дар он асосан истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба нақша гирифта шудааст, тадбири муҳим дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

Ҳамчунин иқдоми бунёди корхона, ки бо мақсади роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридод рӯи даст гирифта шудааст, ба коҳиши раванди воридоти дасгоҳу таҷҳизоти барқӣ, ки феълан аз хориҷ дастрас карда мешаванд, мусоидати фаъол хоҳад кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври устувору доимӣ таъмин намудани аҳолии мамлакатро бо нерӯи барқ аз ҳадафҳои муҳими худ медонад ва ин раванд дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои дигари тавлиди нерӯи барқ, баланд бардоштани самаранокии барқтаъминкунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ зина ба зина мавриди татбиқ қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо лоиҳаи иншоот иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж»-ро дар самти бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, зимни суҳбат бо масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии аълосифат ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншоот дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Илова кунед