ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №166 АЗ 06.04.2023
Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2037
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482 «Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2037 тибқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар асоси маълумотҳои сохторҳои шаҳрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол то 1 феврал маълумоти ҷамъбастиро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомот ахборот манзур намояд.
4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ