ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №226 АЗ 01.05.2023
Дар бораи ҷудо намудани маблағ
Бо мақсади ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), ва маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ - атомии Чернобил бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе, маблағи 288 800 (дусаду ҳаштоду ҳашт ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон) ва маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ба ҳар кадоме ба андозаи 800 (ҳаштсад) сомонӣ мутобиқи замима ҷудо намояд.
2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 7 майи соли ҷорӣ супоранд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ