Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

15 Майи 2023, Душанбе

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилгард, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки баҳри татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Б.Ғафуров (аз кўчаи Шамсӣ то маркази савдои “Саодат”) маҳдудиятҳо ворид карда шуда, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз соати 2300-и рўзи 15 майи соли 2023 то 15 июни соли 2023 муваққатан катъ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Б. Ғафуров истифода баранд.

Илова кунед