Тоҷикӣ

ДУШАНБЕ-СЯМЭН: 10 СОЛИ РОБИТАҲОИ БАРОДАРШАҲРӢ

15 Майи 2023, Душанбе

ш.Душанбе. 15.05.2023. Ба истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин 10 сол пур мешавад. Ба ин муносибат соли ҷорӣ ташкили як силсила чорабиниҳои ҷашнӣ, ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам Сямэн, дар назар аст.
Бо мақсади дар сатҳи баланди хотирмон таҷлил намудани ин санади таърихӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ, ҳайати баландпояи шаҳри Сямэн бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Чжан Жунлян санаи 15 май бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Худи ҳамин рӯз ҳайати шаҳри Сямэнро бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Чжан Жунлян муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқоти пурмуҳтаво, ки дар фазои созанда сипарӣ гардид, ҷонибҳо масоили марбут ба таҳким ва рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар доираи муносибатҳои бародархондагӣ баррасӣ намуданд.
Тавре зикр гардид, Ёддошти тафоҳум дар хусуси паймони бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн 10 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Дар ин давра байни шаҳрҳо равобити судманди пурмаҳсул ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳои дуҷониба самту уфуқҳои нав ба навро касб намудааст.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла иқтисоди сабз ва рақамӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар идомаи омодагиҳо ба ин санаи таърихӣ дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 10 солагии истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ намоиши аксҳои марбут ба ифтихори ин санаи фархунда, ки таҷассумгари воқеии муносибатҳои бародархондагии дуҷониба маҳсуб меёбад, ифтитоҳ гардид.
Дар фазои тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода ва муовини Раиси шаҳри Сямэн Чжан Жунлян ба намоишгоҳ ҳусни оғоз бахшиданд.
Беш аз 30 адад расмҳои аксбардорону суратгирони маъруфи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки манзарҳои зебои шаҳри Сямэн, дастовардҳои шаҳр тӯли солҳои гуногуни мавҷудият, лаҳзаҳои истироҳату фароғати шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шаҳриёну шаҳрдорони Сямэнро рӯи навор овардаанд, ба маъраз гузошта шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳо намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ иштирок намуданд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати шаҳри Сямэн дар баробари дидору мулоқотҳо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳои марбут ба таърихи 10 соли ҳамкориҳо ва таҷассуми шаҳри Сямэн, ҳамзамон аз маконҳои таърихию сайёҳии пойтахт дидан намуданд.
Меҳмонон ҳамчунин бо фаъолияти як қатор муассисаву корхона ва марказҳои хизматрасонии шаҳр, ба шумули Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол», Маҷмааи «Кохи Наврӯз», Корхонаи муштараки автомобилбарории ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри», Маркази савдои «Меҳргон» ва ғайра шинос шуданд.
Бо ҳамин сафари кории ҳайати баландпояи шаҳри Сямэн бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Чжан Жунлян дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Илова кунед