ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №300 АЗ 30.05.2023
Дар бораи баргузор намудани даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои банди 30 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, № АП-318 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва иҷрои банди 29 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2023, №20 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардум ва ҷашну солгардҳо барои соли 2023», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҳайати Комиссия, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 36370 (сиву шаш ҳазору сесаду ҳафтод) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе- сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ