ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №570 АЗ 18.09.2019
Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон»
Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019, №279/1 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизотҳо интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтозакунии:
а) «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»,
-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарон кӯчаҳои Чомӣ, Борбад ва Фирдавсӣ;
-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхутун, Чортеппа 32, 33, 53, 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенов, Камонгарон, Раҳмон Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ, ва шаҳраки Севастопол аз соати 23:00 рӯзи 23 сентябри соли 2019 то соати 24:00 рӯзи 24 сентябри соли 2019 қатъ мегардад.
б) «Кофарниҳон»:
-ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Мирали Маҳмадалиев ва Абдуллоев Наҷмиддин;
-ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Моёншоҳ Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1, 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқи, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Мирали Маҳмадалиев, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Абдуқодирхоҷаи Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯб аз соати 23-00 рӯзи 24 сентябри соли 2019 то соати 24-00 рӯзи 25 сентябри соли 2019 қатъ мегардад.
3. Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.
4. Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор дихад.
6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ