ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!!!
31 Майи 2023, Чоршанбе
ш.Душанбе.31.05.2023. Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии амфитеатри Аҳорун дар доираи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!" доир гардид.
Пеш аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву эҷодии наврасону ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ дидан намуданд.
Дар маросими расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло баромад намуда, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомҳои дурбинонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолияти имрӯзаи насли наврасу ҷавонро дар самти созандагиву бунёдкорӣ хуб арзёбӣ намуданд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки тибқи маълумотҳои оморӣ аз шумораи умумии аҳолии пойтахт наздик ба 35,6 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе айни замон 25 муассисаҳои тањсилоти олӣ , 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 192 муассисањои тањсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки ниёзи ҳазорҳо нафар наврасону ҷавононро қаноатманд месозанд.
Ҷавонон ба ҳайси нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа, дар меҳвари асосии Ҳукумати кишвар қарор дошта, метавонад барои пиёда намудани нақшаҳои муҳими Ҳукумати кишвар, аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазои худро гузоранд.
Ин аст, ки рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони иншоотҳои бузурги аср, бе неруи ҷавонон тасаввур кардан ғайримкон аст.
Ғайр аз ин, насли ҷавон, нерўи эҷодкор, қувваи тавоно ва зиракии онҳо дар таъмини инкишофи устувори ҷомеа аҳамияти бузургу ҳалкунанда дошта, тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистон аз мавќеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад.
Дар идома ба як қатор сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, ки ба хотири татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва чорабиниҳо дар доираи моҳвораи ҷавонон саҳми арзанда гузоштанд, Сипоснома ва Ифтихорномаҳо супорида шуд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва санъати пойтахт анҷомбахши чорабинӣ гардид.